“Йилнинг энг фаол журналисти – 2021” танловига

“ХИРСИ КАЛОН ДАРКОР (НЕ)!”

Дар Ургут чизҳо арзон мегӯянд, дуруст бошад? – баробари ба мусофиркаши “Дамас”-и «Самарқанд-Ургут» савор шудан пурсид зане аз ҳамсафарон. – Барои тӯйи духтарам либосхарӣ меравем.

– Арзон-куя, лекин барои дарёфти либоси дилхоҳатон дар бозори калон вақти зиёд сарф мекунед-дия, – ҷавоб дод зане.

– Бийиҷон, агар дигар чизҳоро арзонтар харем, хирсаки калон ҳам мегирем, майлаш? – ба модараш рӯ овард духтарак.

– Ҳоло хароҷоти зиёд дар пеш. Баргардонидани қарзро ҳам фикр кун. Майдатараш гирем намешавад?

– Э, бийиҷон, ба ман хирси калон даркор, – илтиҷоомез ба модараш нигарист духтарак. – Ҳозир ҳеч кас майдаро писанд намекунад. Мардум айб мекунанд. Илтимос, хирси калон гирем.

– Бачем, шумо хирси калони қадаш аз қадатон баландтар, рангаш қаҳваранги пастро мегӯед-а? Чашмонаш калон-калон. Мӯйҳояш ҷилодор-а?

– Ҳа, худди худаш! – хурсанд шуд духтарак.- Ҳозир ҳамон хел мода-а, холаҷон?

– Ҳа, ба домод фиристодани ҳамон хел зоча урф шудааст…- оҳи бадард кашид мусофирзан.

– Дидед, бийиҷон, ин холем ҳам медонистен, – ба модараш рӯ овард духтарак.

– Ман ҳам пеш аз тӯй баробари дигар ҷиҳозҳо ҳамроҳи сарупо барои домод хирси гаронбаҳои шумо тасвиркардаро фиристода будам. Дуруст, мардум ҳавас намуданд, таъриф карданд, ба диди баланди мо офарин хонданд. Тӯй ҳам гузашт. Хирсакро дар хобгоҳи арӯсу домод гузоштаанд. Хирс ҳатто аз қади домод ҳам баланд будааст. Домод хоб мебинад, ки ин бозӣ ба хирси ҳақиқӣ табдил ёфта, ӯро пахш мекунад. Аз хоб як қад парида мехезаду чашмаш ба чизи бадҳайбати рӯ ба рӯ истода меафтад. Дилаш таҳ мекашад. Дилаш номураттаб зада, дасту пояш меларзанд. Об нӯшида, ба худ меояд. Вале чанд сол гузарад ҳам, онҳо фарзанддор нашуданд. Ҳама дорую даворо кардем, вале бенатиҷа. Духтуру табибон танҳо як гапро мегӯянд: «Дар давраи чилла домод тарсидааст…» Ба ин бадбахтӣ ҳамон хирси калони таърифӣ айбдор!

Ҳама хомӯш, ғарқи андеша то манзил расиданд…

Дилрабо НАСИМӢ

(«Гулобод тонги» газетаси, № 20, 28 май 2021 йил)

 

Baholang!

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

O'rtacha baholar 4.4 / 5. Baholaganlar soni: 7

OAV nomi va parolini kiriting!