«Олтин қалам – 2021» танловига

2021-04-16T12:35:54+05:0016 Aprel, 2021|Матбуот|

Мирасрор АҲРОРОВнинг ижодий ишлари

 

“МАН ДАР ХУДКУШИИ КАСЕ ДАСТ НАДОРАМ!”

  • 21 Июл 2020

Ба идораи рӯзнома номае расид аз номи мудири шуъбаи муассисаҳои таълимии томактабии ноҳияи Балиқчии вилояти Андиҷон Сайёра Хонкелдиева, ки дар айни замон аз ин вазифа муваққатан озод шудааст.

“Баъди ба вазифа таъин шуданам кӯшиши зиёд ба харҷ додам, ки фаъолияти муассисаҳои таълими томактабӣ беҳбуд ёбад. Дар ин миён мудири муассисаи таълими томактабии рақами 11-уми ноҳия Гулчеҳра Хӯҷақулова ногаҳон даст ба худкушӣ зад ва баъди ин ҳодиса ба ҳайси мудири МТТ мавриди таънаву маломати “фаъолон”-и шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтам…» – навиштааст ӯ.
“Гоҳ-гоҳ овозаҳо дар бораи Гулчеҳра Хӯҷақуловаро мешунидам, ки аз бемории равонӣ шикоят мекунад ва ҳаёти оилавиаш низ чандон хуб нест. Гулчеҳра танҳо баъди издивоҷи дуюм соҳиби як духтарча шуд. Шавҳараш намехост, ки Гулчеҳра ҳомила шавад. Аз ин рӯ, баъди ба дунё омадани духтарча ба назди ҳамсари якумаш баргашт. Ин ҳол низ ба рӯҳияи Гулчеҳра бетаъсир намонд”, зикр шудааст дар нома.
Сайёра Хонкелдиева боз навиштааст, ки вайро дар тороҷи садҳо миллион сӯм низ муттаҳам мекарданд, вале бинои муассисаи таълими томактабии рақами 11, ки мудирии онро Гулчеҳра Хӯҷақулова бар ӯҳда дошт, ҳанӯз моҳи августи соли 2019, яъне то таъини ӯ ба ин вазифа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
…Сохтмони бинои нав марбути ОКС ё шуъбаи сохтмони капиталии Вазорати таълими томактабии ҷумҳурӣ буд ва ман ба ин сохтмон ягон алоқа надоштам. Зимни таҳқиқ маълум шудааст, ки маблағи зиёди давлатро ба тороҷ бурдаанд. Хоссатан, баъзе корчаллонҳо бо сӯиистифода аз вазъи равонии Гулчеҳра Хӯҷақулова барои ба тороҷ бурдани ин маблағ кӯшидаанд ва ҳоло мавриди бозпурсии ходимони прокуратура қарор доранд”, қайд шудааст дар нома.
Як гурӯҳ “фаъолон”-и шабакаҳои иҷтимоӣ бидуни он ки то анҷоми таҳқиқи ҳодиса сабр кунанд, дар ин ҳодиса Хонкелдиеваро аз гунаҳкорони асосӣ ном бурдаанд.
Аз рӯйи муроҷиати Сайёра Хонкелдиева, баъди таҳқиқи мавзӯъ ва суҳбатҳо бо вай ва дигарон бовар ҳосил кардам, ки ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ нодуруст қаламдод шудааст.
– Аз пахши хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ то андозае огоҳ ҳастам. Ростӣ, Сайёра одами бовиҷдон ва ҳалолу пок аст. Аммо вуқӯъи худкушии Гулчеҳра Хӯҷақулова мунҷар ба он шуд, ки ӯ зери санги маломат бимонад. Хонкелдиева дар пешрафти кори таълиму тарбия саҳми калон гузоштааст. Бар илова, ӯ хеле зани масъулиятшинос мебошад, – гуфт дар суҳбат бо мухбири “Овози тоҷик” ҳокими ноҳия Ҷасурбек Абдурайимов.
Барои он ки ба ин ҳодиса фикри Вазорати муассисаҳои таълими томактабиро низ омӯзам, ба сухангӯи он Дилафрӯз Икромова муроҷиат кардам.
– Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад. Мутахассисони мо низ дар ноҳияи Балиқчӣ машғул ба ин коранд. Дар робита бо ҳодисаи худкушии мудири муассисаи таълими томактабии рақами 11-уми ноҳияи Балиқчӣ Гулчеҳра Хӯҷақулова мо касеро айбдор карда наметавонем, зеро ходимони прокуратура ба ин кор машғуланд. Ин идора ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ накардааст. Таҳқиқ, ки ба охир расид, перомуни ин масъала изҳорот  пахш хоҳем кард,– гуфт Д. Икромова.
– Оё дар давраи таҳқиқи ҳодиса аз Сайёра Хонкелдиева тақозо хоҳад шуд, ки вазифаашро муваққатан супорад? – пурсидам аз сухангӯи вазорат.
– Мувофиқи қонунгузорӣ то анҷоми тафтишот касе Сайёра Хонкелдиеваро аз кор сабукдӯш намекунад. Аммо танҳо ба далели тафтишот вай бояд муваққат тарки вазифа намояд. Баъди анҷоми тафтиш хулоса карда мешавад, ки вай ба ҳайси мудир вазифаашро идома хоҳад дод ё на, – посух дод Дилафрӯз Икромова.
Зимни муроҷиати мо ба прокуратураи ноҳияи Балиқчӣ роҷеъ ба Сайёра Хонкелдиева ягон муносибат нишон надоданд.
– Баъди ба ин вазифа таъин шудани Сайёра Хонкелдиева кори муассисаҳои таълими томактабии ноҳияи Балиқчӣ хеле пеш рафт. Аммо бо сабабҳои номаълум Хӯҷақулова худкушӣ карду моро дар вазъияти ногувор қарор дод. Фишор ва таҳдидҳои зиёди беруна ба саломатии Сайёра Хонкелдиева бетаъсир намонд. Барои ҳамин ӯ бо хоҳиши худ феълан аз вазифа истеъфо дод. Аммо ӯ бекор намондааст ва ҳоло дар садорат машғули фаъолият мебошад, – гуфт сардори Садорати муассисаҳои таълими томактабии вилоят Муқаддас Абдуллоева.
Блогер Фотима Ҷӯраева дар саҳифаи хусусии шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» суратҳои ҳаҷвӣ чоп кардааст. Ҳамчунин вай чунин навиштааст: “Мудир С.Хонкелдиева яке аз онҳоест, ки дар худкушии Гулчеҳра Хӯҷақулова даст дорад, аммо ба ҷойи он ки аз кор равад, вайро ба мақоми болотар ба кор таъин кардаанд”.
Ногуфта намонад, ки Фотима Ҷӯраева нисбати фаъолияти сардори Садорати МТТ-и вилоят низ маълумотҳои ғаразнок интишор кардааст, салоҳият ва обрӯву эътибори ӯро зери савол қарор додааст. Гуфта мешавад, Фотима Ҷӯраева бо интишори мақолаҳо вазъияти носолим ва фикрҳои беасосро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни мардум ба бор овардааст.
Садорати муассисаҳои таълими томактабии вилояти Андиҷон тавассути раддия интишори ҳар гуна маводи беасосро маҳкум намуда, илова кардааст, ки он тибқи қонунгузориҳои кишвар бояд баррасӣ гардад ва шахсони дар ин кор дастдошта бояд ба ҷазо кашида шаванд.
Зикри он нукта бамаврид аст, ки Сайёра Хонкелдиева 15 октябри соли 2019 роҳбари шуъбаи муассисаҳои таълими томактабии ноҳияи Балиқчӣ тайин шудааст. Аммо дере нагузашта блогер Қодир Низомов навори видеоиро дар шабакаи «Ютуб» пахш намудааст, ки дар он фаъолияти С.Хонкелдиева зери танқиди шадид қарор гирифтааст.
Аслан зимни рух додани ҷиноят нисбати он мақомоти тафтишот парванда кушода, суд ҳукм мебарорад.
Аммо таҳқиқи журналистии марбут ба ин ҳодиса, ки мо низ кардем, нишон дод, ки баъзеҳо чизи хостаашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор менамоянд, бо нишондоди ким-кӣ ин ё он шахсро муттаҳаму сиёҳ карда, ҳатто ба ҷойи додгоҳ дар бораи ӯ ҳукм содир мекунанд.
Ба гуфтаи Сайёра Хонкелдиева дар ин бора ба ниҳодҳои интизомӣ бо ариза муроҷиат карда буд, аммо ба далели он ки парванда зери таҳқиқ қарор дошт, ба аризаи ӯ чанд муддат ҷавоб надоданд.
Қодир Низомов аз чунин ранг гирифтани ҳол хурсанд шуд ва ба фаъолияти “хабарнигорӣ”-и худ идома дод. Пас аз чанде ӯ дар шабакаи иҷтимоии “Ютуб” таҳти унвони “Кирдори мудири ШМТТ-и ноҳияи Балиқчӣ фош гардид!” навори видеоӣ нашр намуд, ки дар он Сайёра Хонкелдиева бадном шудааст.
Таҳқиқ нишон дод, ки С. Хонкелдиева инсони мансабталош нест. Ӯ бо даъвати сардори садорат аз мактаби таълимоти умумӣ ба ШМТТ-и ноҳияи Балиқчӣ мудир тайин шудааст. Инро зимни суҳбат сардори ин идора Муқаддас Абдуллоева тасдиқ намуд.
– Ман аз фаъолияти Сайёра Хонкелдиева дар ин муддати кӯтоҳ ягон эътироз надорам. Аммо намояндагони шабакаҳои иҷтимоӣ намегузоранд, ки мо – мутахассисон ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул шавем. Ҳатто онҳо ба мо амр мекунанд, ки ин ё он ходимро аз кор сабукдӯш кунем,– афзуд Муқаддас Абдуллоева.
– Ҳамаи талошҳоямро ба он равона кардаам, ки номи некам доғдор нашавад. Дар давоми фаъолияти худ, ки ба соҳаи таълими халқ бахшидаам, ҳаргиз аз пайи ба даст овардани мансаб нашудам. Аз омӯзгори оддӣ то вазифаҳои гуногуни роҳбариро анҷом додам. Соҳиби фарзандону наберагон ҳастам. Падарарӯсу модарарӯси меҳрубон дорам, ки ҳамеша маро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд ва мегӯянд, ки фарзандону набераҳоямро бо пули ҳалол парвариш кунам, – мегӯяд Сайёра Хонкелдиева.
Вақте ки ин сатрҳо иншо мешуд, Сайёра Хонкелдиева занг зад. Вай гуфт, ки прокуратура бегуноҳ будани ӯро эълон ва хулосаашро ба Вазорати МТТ низ тақдим намуд.
– Оё шумо ба иҷрои вазифа бармегардед, ки муваққатан аз он истеъфо додаед? – пурсидам аз ӯ.
– Дилам мехоҳад, ки барои бастани даҳони баъзе ҳангоматалабҳо ё гирифтани пеши роҳи беадолатиҳо корамро давом диҳам, вале аз азиятҳои равонӣ мебояд каме ба худ оям. Барои шахсе, ки дар майдони меҳнат худро пазондааст, ҳамеша ҷойи кор пайдо мешавад, – мегӯяд бо бурдборӣ Сайёра Хонкелдиева.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори махсуси
“Овози тоҷик”.

Вилояти АНДИҶОН.


МАРҒЕЛОН ШАҲРИ ҲУНАРМАНДОНУ САНЪАТКОРОНИ МУМТОЗ АСТ

  • 09 Мар 2021

Солҳои охир шаҳри Марғелон беш аз пеш ободу зебо мегардад.

Солҳои охир шаҳри Марғелон беш аз пеш ободу зебо мегардад. Аммо аз давраҳои пеш он ба сифати шаҳре муаррифӣ шудааст, ки дар баробари косибону бофандагони зиёд, зиёиёну маърифатпарварон дар канори худ як идда устодони ҳунари волои овозхонӣ, ҳунармандӣ ва аскиячигиро низ парвардааст.
Вақте ки дар ин шаҳри куҳану тозабунёд Театри мусиқии мақом арзи вуҷуд намуд, мардуми зиёд аз ин навид хеле хурсанду хушҳол шуданд. Алҳол ин маскани ҳунар дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳр воқеъ гардидааст.  Ногуфта намонад, ки театри мусиқии мақоми шаҳри Марғелон дар Осиёи Марказӣ ягона маскани ҳунари волои санъати мақомхонӣ мебошад, ки кулли он аз тариқи саҳна ба муштариён дастрас мегарданд. Маҳз барои ҳамин мардуми зиёд аллакай ба ин театр ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.
– Арзи вуҷуд намудани Театри мусиқии мақом маҳз дар шаҳри Марғелон маъноҳои рамзиро низ касб хоҳад кард. Зеро дар ин шаҳр чеҳраҳои зиёди фарҳангӣ камол ёфтаанд.  Он 5 сентябри соли 2019 бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи ташкил намудани фаъолияти театри мусиқии мақоми шаҳри Марғелон дар назди маркази миллии санъати мақоми ӯзбек” таъсис ёфт. Моҳи августи соли 2020 театри мо ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳоло тайи ин муддат ҳунармандони театр ба мардум ғизои маънавӣ мебахшанд, – гуфт  директори ин театр Таваккал Султонов.
Вай афзуд, ки дар он ҳунармандоне фаъолият мекунанд, ки дар равияи иҷрогарии анъанавии Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, Донишкадаи санъат ва маданият ва Академияи давлатии хореография кор кардаанд. Ҳамчунин як идда ҷавонон ба кор пазируфта шуданд, ки коллеҷҳои санъати Тошканд, Фарғона, Намангонро  хатм кардаанд. Ҳамаи ҳунармандон овозхонҳои мақом, навозандагон, актёрҳо ва ҳунармадони балет мебошанд.
Дарвоқеъ, дар ин театр аз субҳ то шом садои суруду мусиқиро шунидан мумкин аст. Ҳунармандон ҳамеша машғули машқу тамрин ҳастанд.
– Театри мо фаъолияташро аз намоишномаи мусиқии мақоми “Шашмақом”и Туроб Тӯла оғоз намуд. Ин намоишномаро студияи театри “Тӯрон” таҳти роҳбарии коргардони бомаҳорат С. Мелиев рӯи саҳна овард. Дар ин намоишнома асарҳое мавриди истифода қарор гирифтанд, ки аз гузашта ба мо мерос мондаанд, – мегӯяд Таваккал Султонов.
Қисми мушкилоти “Мухаммаси Насруллоӣ”, ғазали “Насруллоӣ”-и Навоӣ, “Гардуни рост”, таронаҳои “Сарахбори наво”, “Муғулчаи дугоҳ”, “Мушкилоти сегоҳ”, мақомҳои равияҳои Фарғонаву Тошканд – “Сегоҳ”, “Мискин”, “Ушшоқ” ва амсоли он дар намоишномаҳои театрикунонидашуда ва рақсҳои ҷаззоби рӯи саҳна хеле моҳирона ба намоиш гузошта шудаанд. Гуфта шуд, ки қаҳрамони асосии ин асар Академик Юнус Раҷабӣ буда, симои ӯро ҳунарманди беҳамтои театр Кимсанбой Собиров иҷро кард.
– Соли 2020 мо чанд намоишномаро ба саҳна гузоштем. Намоишномаҳои “Муноҷот”-и Х. Расулов, «Бӯстони муҳаббат»-и Ш.Муродов, “Навоӣ”-и Н.Аббосхонов аз ҳамин зумра мебошанд. Дар давраи пандемия низ ҷамоаи мо аз тариқи онлайн намоишномаҳои худро ба тамошобинон пешкаш намуд. Зеро мо барои тамошобинон эҷоду талош мекунем. Онҳо ҳарчи бештар ба театр оянду толори моро пур кунанд, ҳунармандонамон ҳамон қадар бо шавқу завқ нақшҳои худро иҷро хоҳанд кард, – иброз намуд Т. Султонов.
– Театр барои ҳунарманд даргоҳи хеле муқаддас маҳсуб меёбад. Чунин маъниро ҳар як ҳунарпешаи мо бо ҷисму ҷони худ эҳсос менамояд. Мо қадриятҳои миллии худро тараннум месозем ва ба анъанаҳое содиқ мемонем, ки то ин замон ба мо ниёкон ба мерос мондаанд. Ҳоло ширкати миллии садову симои ҷумҳурӣ ва Вазорати фарҳанг “Сеҳри мақом” ном як озмуни телевизиониро эълон кардаанд. Мо ҷиддан барои ширкат дар он омодагӣ мегирем. Интизор меравад, ки моҳҳои марту апрел дар ин озмун фаъолона ширкат мекунем ва ба чӣ қодир буданамонро намоиш медиҳем, – мегӯяд Таваккал Султонов. – Иштироки мо дар озмунҳои байналхалқии мусиқӣ-фолклории “Роҳи бузурги абрешим”, ки дар шаҳри  худамон ба вуқӯъ мепайвандад, ҳамчунин фестивали байналмилалии ҳунармандӣ, ки имсол дар шаҳри Хӯқанди латия баргузор мегардад, масъулиятамонро дучанд гардонидааст. Ҳоло чанд намоишнома таҳти унвони “Навоӣ”, “Шашмақом”, “Бӯстони муҳаббат”, “Муноҷот” ва амсоли онро ба тамошобинон тақдим карда истодаем.
Маълум шуд дар ин театр ҳунармандоне кор мекунанд, ки дар фестивали байналмилалии “Таронаҳои Шарқ”-и Самарқанд ширкат намуда, ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд. Азизҷон Абдуазимов ва Улуғбек Элмуродзода ба ҳайси ҳунарпешаҳои санъати овозхонии дастаи мақом ҷойҳои сеюмро соҳиб гаштаанд ва дар айни ҳол иқтидор ва маҳорати худро дар ин театри мусиқии мақом идома медиҳанд.
– Намоишномаҳоеро, ки мо рӯи саҳна меорем, метавон аз нигоҳи жанр ва услуб як падидаи нав тараннум кард. Ба таври мисол, дар дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и Тоҷикистон ба воситаи рақс, дар Шинҷони Чин ба воситаи монологҳо намоишномаҳо  рӯи саҳна оварда ва ба тамошобинон тақдим мегарданд. Аммо мо ҳамаи ин воситаву усулҳоро дар намоишномаи худ муҷассам месозем ва дар шакли асари якпорча ба мухлисонамон пешкаш мекунем. Дар ин намоишномаҳо ҳунармандон, навозандагон, овозхонҳои мақом ва раққосаҳо дар дастаҷамъӣ ширкат мекунанд, – мегӯяд Таваккал Султонов.
Дар ин намоишномаҳо ғазалиёти Навоӣ, Фузулӣ, Фирӯз, Мӯнис, Огаҳӣ ва адибони дигар ба оҳангу навои тарабангези мусиқӣ омезиш дода мешаванд ва ба қаъри дили тамошобин ҳавола мегарданд. Маҳз ҳамин ҷиҳат беш аз пеш нуфуз ва эътибори жанри мақомро дар тамоми олам машҳур намудааст ва ба сифати жанри оригиналӣ муаррифӣ кардааст.
– Аммо тамошобини дар толор нишаста ба актёр қува ва рӯҳ мебахшад ва вай кӯшиш мекунад, ки нақши худро сареҳтару хубтар бибозад, ба истиқболи гарми вай сазовор шавад. Театри мо низ аз ин раванд дар канор нест. Бо вуҷуди ин мо ба воситаи рӯи саҳна овардани намоишномаҳои мавриди эҳтиёҷи мардум кӯшиш мекунем, ки теъдоди зиёди тамошобинонро ҷалб намоем ва дар ин самт ҳаргиз хастагиро эҳсос нахоҳем кард, – мегӯяд Тавакккал Султонов.
– Барои тавсеаи ин бахши санъати мардумӣ мо Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Муҳаммадсиддиқ Шераев ва Ходими шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ Ҳотамҷон Ҳакимҷоновро ба кор ҷалб намудем. Онҳо аллакай фаъолияташонро оғоз кардаанд ва дар ояндаи наздик намоишномаҳои хоси онҳо ба тамошобинон пешкаш хоҳанд шуд, — изҳор кард Таваккал Султонов.
Ин театр вазифадор аст, ки дар байни мардум асарҳои мазмун ва мундариҷаашон аз ҷиҳати бадеӣ баланд, тамошоҳои театрикунонидашуда ва барномаҳои консертиро фаровон тарғиб намояд. Анъанаҳои устозу шогирдро дар равияи иҷрои мақом ривоҷу равнақ диҳад, ҷавонони истеъдоднокро тарбия кунад ва салоҳияти эҷодии онҳоро афзоиш диҳад.
Ногуфта намонад, ки ҷалби актёрону овозхонҳои ҷавон ба ин театр аҳамияти хосаро касб хоҳад кард. Дар ин замина театри мазкур бо бахши минтақавии Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон дар вилояти Фарғона низ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
– Дар айни ҳол понздаҳ нафар хатмкунандагони ин маскани ҳунар бидуни ҷудошавӣ аз таҳсил дар театри мо амалиёт мегузаранд. Аксари онҳо дар намоишномаҳо нақшҳоро иҷро мекунанд. Пӯшида нест, ки мо ҳамеша дар такопӯ ва омӯзиш ҳастем. Бояд бештар меҳнат кунем, то ки нуфузи театри худро дар миёни мардум афзун гардонем. Зеро одамон мехоҳанд аз ин ҳаёт баҳра баранд, истироҳат кунанд ва ғизои маънавӣ бардоранд, – мегӯяд Таваккал Султонов, – соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии коргардонҳои ҷавон таҳти унвони “Дебют” коргардони театри мо Хӯҷамбердӣ Эгамбердиев бо асари “Бӯстони муҳаббат” иштирок кард ва сазовори ҷои аввал гардидааст. Соли равон дар репертуари театр рӯи саҳна овардани намоишномаҳои хоси мақоми “Мақоми танҳо”-и Х.Расулов, “Дидаҳои гирён”-и Б.Бардош, ҳамчунин консерти мақоми “Фасли навбаҳор”, консерти “Аз бисоти устодон”-и аскиягӯён барномарезӣ шудаанд.
Ба таъкиди директори театр соли равон дар мамлакатамон 580-солагии мутафаккир ва олим, шоир ва арбоби давлатӣ Мир Алишери Навоӣ ба таври васеъ таҷлил мегардад. Аз ин раванд театри мусиқии мақоми Марғелон дар канор намонд.
– Ногуфта намонад, ки дар таъсис ва ба фаъолият оғоз кардан, ривоҷи театр, пеш аз ҳама, ташаббус ва раҳнамоии сарвари давлатамон мақоми хосаро ишғол менамояд. Дар ин росто вазири фарҳанг Озодбек Назарбеков, ҳокими вилоятамон Хайрулло Бозоров, ҳокими шаҳри Марғелон Адҳамҷон Зиявиддинов низ дасти кӯмакашонро аз мо дареғ намедоранд. Ба намояндагӣ аз театри мусиқии мақоми Марғелон, ки ба наздикӣ ба фаъолиятҳои худ ҳусни оғоз бахшидааст,  барои фароҳам овардани чунин имконият ва ҳиссашон дар ривоҷи театри мақом аз Президенти мӯҳтарам сипосгузорам, – гуфт дар хотимаи суҳбатамон директори театри мусиқии мақоми Марғелон Таваккал Султонов.
– Ҷомеае, ки аксарияти аъзои он ба қабули матолиби чунин жанр ҳавас доранд ва онро бо хушҳолӣ мепазиранд, онҳо соҳиби маънавият ва маърифати воло мебошанд. Дар ин маврид фикри дигар ё мутақобила гуфтан шояд чандон дуруст набошад. Муҳимтар аз ин, ҳунармандон низ дарк мекунанд, ки талошу заҳматҳояшон ҳаргиз зоеъ намеравад ва чунин бархӯрд барои пешкаш намудани намоишномаҳои хубтару беҳтар ҳамчун омил хизмат мекунад, – мегӯяд устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона Фарҳод Исомиддинов.
Маълум шуд, ки дар миёни ҳунармандон як гурӯҳ донишомӯзони мақомхон низ дар намоишномаҳо ширкат доранд, ки синнашон акнун ба 14 расидааст. Бидуни иштибоҳ метавон гуфт, ки ин маскани навбунёди фарҳангӣ ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи муштариёни театри мақому рақсҳои дилошӯби водии Фарғона табдил хоҳад ёфт.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.


МЕҲНАТ НАКУНӢ, САНГИ СИЁҲ ЛАЪЛ НАГАРДАД

  • 29 сентябр 2020

Субҳи содиқ Ҷасур аз хоб хесту ҳадаҳа рафта дар оби ҷӯи равон дасту рӯяшро шуст.

Машғули либоспӯшӣ буд, ки ҳамсараш:
– Нонушта тайёр, дадеш. Ман зуд рафта говро ҷӯшида меоям ва баъд шуморо ба кор гусел мекунам, – гуфт бо меҳрубонӣ Нигорахон.
– Азизам, ман бояд ба сари замин равам. Имрӯз чидани пахтаи майдони даҳгектараро шурӯъ мекунем. Баъди ягон соат чинакчиён ҳам омада мемонанд. Ту аз падару модарам бохабар шаву ноштояшонро тайёр карда деҳ. Интизори ман набош, – гуфт ба ҳамсараш ва савори мошин шуда, ҷилави онро ҷониби саҳро тофт.
Майдони даҳгектараи хоҷагии фермерии ӯ дар масофаи начандон дур аз канори деҳаи Юзчинори ноҳияи Балиқчӣ воқеъ гаштааст. Мошин баъди каме ҳаракат аз роҳи калон ба тарафи чап тоб хӯрд ва зери беди калон таваққуф намуд. Ҷасур аз мошин пойин шуд ва ба саргаҳи майдон омад.  Ҳар як ғӯза ба чаҳор тараф шона паҳн намуда, дувоздаҳ-понздаҳтоӣ кӯсак ғарқ шукуфон буданд.
Дарвоқеъ, натиҷаи маслиҳату машварати пирони кордида ва дуову фотиҳаи падараш, гузашта аз ин, меҳнати шабонарӯзии коргарони хоҷагии фермерӣ буд, ки имсол аз порсола дида ҳосили кишти пахта самараи бештар ба бор овард.
Ҷасур як ба атроф нигарист ва ба шавқ омаду ба яке аз ҷӯякҳои пахта даромад. Бо ҳамон шавқу завқ дудаста ба пахтачинӣ шурӯъ кард. Дарҳол қабзааш аз пахта пур шуд. “Агар пешдоман медоштам, то омадани чинакчиён як доман пахта мечидам”, аз хаёл гузаронд ӯ.
Баъди лаҳзае пасу пеш занону духтарони сару рӯй ва даҳонашон бо рӯймол печонидашуда ба сари ин майдон ҳозир шуданд. Дар они воҳид сукунати атроф аз гуфтугӯ ва садои чақ-чақу хандаи занону духтарон барҳам хӯрд.
– Пахтаи дирӯз чидаатонро пункт бе ягон эътироз қабул кард. Медонам, шумо на барои он талош мекунед, ки бештар пахта чинеду маблағи бештар ба даст оваред. Дар миёни хоҷагиҳои фермерӣ сифати пахтаи шумо беҳтарин эътироф гардид. Ҳатто мудири пункти қабул барои чунин пахтаи хушсифат арзи сипос намуд,– таассуроти дирӯзаи худро мухтасар ба чинакчиён тавзеҳ дод Ҷасур.
Занону духтарон чолокона вориди ҷӯякҳои пахта шуданд ва ба чидани он пардохтанд.

***
Суҳбат бо Ҷасур Ҷӯраев дар саргаҳи ҳамин майдони пахта баргузор шуд. Вай ҳанӯз ҷавон аст, аммо дар кори деҳқонӣ, кишту парвариши пахтаву ғалла аллакай таҷрибаи калон ҳосил намудааст.
– Ҳамин шӯълаи меҳри заминро дар дили ман тағоям – роҳбари хоҷагии фермерии “Обидҷонота” Баҳромҷон Қосимов маъво гирондааст. Вақте ки дар синфи панҷум мехондам, бо тағоям ба сари замин меомадам. Дар мавсими ҷамъоварии ғалла, ки асосан ба давраи таътили тобистонаи мактабамон рост меомад, ҷоям дар киштзор буд. Баъд мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта шурӯъ мешуд. Ҳамон солҳо мактаббачагон низ ба ҷамъоварии ҳосили пахта ҷалб карда мешуданд. Бо амри тағоям кори ҳамтоёни худро назорат мекардам,– ёдовар шуд Ҷасур Ҷӯраев.
Ба гуфтаи ӯ соли 2015 дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Юзчинор хоҷагии фермерии “Янги қишлоқ-бунёдкор”-ро таъсис дод. Ҳоло ин хоҷагии фермерӣ соҳиби 85 гектар замин мебошад.
– Имсол ба 54 гектар ғалла коштем. 30 гектарро барои кишту парвариши пахта ихтисос додем. Ҳосили ғаллаамон хеле бобаракот шуд. Ба хирмани давлат 270 тонна ғаллаи хушсифат супурдем ва нақшаи шартномавиро барзиёд иҷро кардем. Ғайр аз ин, 273 тонна гандум дар ихтиёри хоҷагии фермериамон монд,– мегӯяд Ҷасур Ҷӯраев.
Тавре ки Ҷасур Ҷӯраев тазаккур дод, аз ҳисоби ҳосили имсолаи кишти ғалла ба ҳар як мироби хоҷагӣ дуним-се тоннагӣ гандум расид ва хурсандии онҳо ҳадду канор надошт.
– Дар ин солу замон як оилаи панҷ-шаш нафарӣ бо ин миқдор гандум бемалол як соли дарозро сер  пушти сар мекунад. Боз маоши аз хоҷагӣ ба даст овардаашонро барои корҳои дигари оила харҷ мекунанд,– иброз дошт раҳбари хоҷагии фермерӣ.
Ҷасур Ҷӯраев мегӯяд, ба ҳар як коргари доимии хоҷагии фермерӣ, ки теъдодашон сӣ нафар мебошад, 300-400 килограммӣ гандум тақсим намуд. Барои кишти соли оянда низ як миқдори ин гандумро ба анбори махсус ба ҳайси тухмӣ захира кард.
Вақте ки вай дар бораи даромади соли гузаштаи хоҷагии фермериаш ҳарф зад, ангушти ҳайрат газидам. Соли гузашта хоҷагии фермерӣ 800 миллион сӯм даромади соф гирифтааст.
– Аз тариқи лизинг дар ивази як миллиард сӯм комбайни ғалладаравӣ харидем. Дар айни ҳол маблағи пешпардохт 270 миллион сӯмро ташкил мекунад. Минбаъд   аз ҷалби комбайнҳои дигарон наҷот ёфтем. Зеро баъзан 5-10 рӯз навбат мепоидем, ки комбайн ба сари замини мо низ ояду ғаллаамонро даравад. Акнун ҳосили ғалларо бо комбайни хусусӣ медаравем,– мегӯяд роҳбари хоҷагии “Янги қишлоқ-бунёдкор”.
Ҳамсуҳбати мо қайд намуд, ки ин хоҷагӣ соҳиби ду трактори “Белорус” ва як трактори шудгор низ мебошад. Аз ҳисоби даромад зиндагии коргарон хеле беҳбуд ёфт.
– Ҳарчи ба даст овардем, ба туфайли меҳнат ба он соҳиб шудем. Чанд мошини сабукрав харидем, ҳавлиамонро обод кардем, барои як бародарам манзил сохтем,– изҳор кард Ҷасур Ҷӯраев.
Маълум шуд, ки яке аз коргаронашон барои писараш арӯс мефарорад. Пеш аз баргузории тӯй аз ҳисоби хоҷагии фермерӣ ду хонаи ҳавлии ӯро таъмир кардааст, аз лиҳози маблағ низ соҳиби тӯйро дастгирӣ намудааст.

***
Ҷасур Ҷӯраев раиси мавзеи Охунбобоеви ноҳия мебошад. Дар ин мавзеъ 13 хоҷагии фермерӣ фаъолият мекунад ва дар он ба кишту парвариши ғалла ва пахта машғуланд. Ду хоҷагии фермерии боғпарварӣ низ таҳти тасарруфи раёсати ӯ қарор доранд. Ин хоҷагиҳои фермерӣ бозорҳои вилоят ва берун аз онро бо меваву сабзавот таъмин мекунанд.
Дар аснои суҳбатамон як мошини сабукрави “Ласетти”  дар роҳи калони шафати ин майдони пахтазор омада таваққкуф кард.
– Ана, падарам ҳам омаданд,– гуфт бо чеҳраи шукуфон Ҷасур Ҷӯраев ва ба истиқболи падар шитофт.
Баъд падараш– Абдуқаҳҳор Ҷӯраев ба суҳбати мо пайваст.

***
– Ману завҷаам нафақахӯр ҳастем. Бо ғамхории ҳукумат ва каромати писаронам давраи пирӣ меронем. Солҳои дароз дар соҳаи дорусозӣ кор кардам. Писарам Ҷасур роҳбари хоҷагии фермерӣ аст. Дар тафовут  аз писари дигарам Мансурхон дар идораи маҳсулоти ғалла кор мекунад ва писари хурдӣ – Ҳосилхон дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Тошканд машғули таҳсил мебошад,– гуфт Абдуқаҳҳор Ҷӯраев.
Аз суҳбат бо ӯ маълум шуд, ки қаҳрамони очерки мо – Ҷасур бахши муҳандисии Донишгоҳи хоҷагии халқи Тошкандро хатм кардааст. Аммо меҳри замин вайро ба сӯи худ кашидааст ва ба кишоварзӣ рӯй овардааст.
– Ба наздикӣ дар як маҷлис ҳокими ноҳияамон Ҷасурбек Абдураҳимов корҳои писарамро таърифу тавсиф кард. Аз ин ҳарфҳои нек ифтихор намудам. Аз фарзанде, ки ба волидайн раҳмат меоварад, Худованд низ розӣ аст,– гуфт Абдуқаҳҳор Ҷӯраев.
Вай бо итминон афзуд, ки писараш корҳои хоҷагии фермериро хеле хуб ба роҳ мондааст. Ба гуфтаи Абдуқаҳҳор Ҷӯраев заминҳои таҳти тасарруфи хоҷагии фермерии писарашро 22 сол муқаддам ба иҷора гирифта буданд.
– Баъд хоҷагиҳои фермерӣ ташкил карда шуданд ва ин заминҳо ба ҳисоби хоҷагии фермерии  “Янги қишлоқ-бунёдкор” гузашт, ки ҳоло роҳбарии онро писарам ба дӯш гирифтааст, – иброз намуд ин ҳамсуҳбати мо.

***
Роҳбари хоҷагии фермерӣ номи миробҳо Қаҳрамон ва Бахтиёр Ортиқовҳо, Азизбек Абдумуталов, Ҷӯрабек Холдоров, чинакчиёни моҳир Зумрадхон Ҷӯраева, Фарида Қодирова, Муқаддасхон Султонова ва Саодат Тоҷибоеваро бо ифтихор ба забон овард. Ба гуфтаи ӯ онҳо  дар пешрафти кори  хоҷагии фермерӣ саҳми калон мегузоранд.
Вориди майдони пахта шудам ва хостам бо баъзе чинакчиён суҳбат кунам. Онҳо дастпӯшак ба даст кашидаву якзайл пахта мечиданд. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷо пешдоманҳои пур аз пахта аз он шаҳодат медоданд, ки дар давоми як соат занону духтарон аллакай 15-20 килограммӣ пахта чидаанд.
– Бо дугонаҳоям мусобиқакунон пахта мечинам. Ҳамаамон дар ҳамин шароиту муҳит ба воя расидаем ва аз хурдӣ пахта мечинем. Пахтаи чидаамон рӯзмарра ҳудуди 130-160 килоро ташкил мекунад. Аз мо тақозо шудааст, ки саросема нашавем, то ки пахтаи сап-сафед бо баргу хазон омехта шуда, сифати онро паст назанад,– гуфт Саодат Тоҷибоева.
– То имрӯз барои пахтаи чидаам 8 миллион сӯм гирифтам. Ҳамроҳонам низ ҳамин қадарӣ ё кадоме каму кадоме бештар маош ба даст оварданд. Ҳар рӯз қариб саду панҷоҳ кило пахта мечинам. То охири мавсим талош хоҳам кард, ки маблағи умумии бадастовардаам аз 20 миллион сӯмро зиёд шуд,– иброз дошт чинакчии дигар Фарида Қодирова.
Маълум шуд, ки касе маҷбурӣ ба пахтачинӣ набаромадааст. Баъди чанд лаҳза трактори присепдор омада дар саргаҳи ин майдон қарор гирифт. Нафаре дарҳол тарозуро ба як гӯшаи ин присеп овезон кард. Занону духтарон  пешдоманҳои пур аз пахтаро болои сар гузошта, бо навбат онро бармекашиданд ва зуд баргашта, ба чидани пахта машғул мешуданд.
– Ҷамъи пахтаи ҷамъоваришудаи мо ба 110 тонна расид. Нақшаи шартномавии мо 92 тонна мебошад. Агар аз рӯи ҳосилнокии майдонҳои кишти пахта ҳисоб кунем, аз ҳар гектар бештар аз 40 сентнерӣ ба даст овардем. Боз ҳашт гектар майдони пахта боқӣ мондааст. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳосилнокии ҳар як гектар бештар аз 45 сентнериро ташкил хоҳад кард,– мегӯяд Ҷасур Ҷӯраев.
Соли равон хоҷагиҳои фермерӣ таҳти шиори “Балиқчиро ба ноҳияи аз ҳама пешқадами вилоят табдил медиҳем!” ба кишту парвариши зироат машғуланд. Онҳо дар 10 ҳазору 300 гектар кишти пахта парвариш карданд, ҳоло ба ҷамъоварии ҳосили он машғуланд. Ба даст овардани 34 ҳазору 92 тонна “тиллои сафед»-ро ба нақша гирифтаанд.
Дар майдонҳои аз пахта холишуда кишти тирамоҳии ғалла гузаронида шудааст. Аллакай гандум баромада, ба чаҳор тараф майса задааст ва барои ҳосили соли оянда заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ин ба хотири киштгардони майдонҳо низ мебошад, ки натиҷаи хуб ба бор хоҳад овард.
Интизор меравад, ки ҳаҷми даромади имсолаи хоҷагии фермерии “Янги қишлоқ-бунёдкор”   ба 900 миллион сӯм хоҳад расид ва зиндагии коргарони ин хоҷагиро боз фаровонтар хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
“Овози тоҷик”.

Вилояти АНДИҶОН.


МИНТАҚАИ НАЗДИ БАҲРИ АРАЛ — ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ

  • 02 Апр 2021

Сафари мо ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон аз боздиду мулоқотҳои мо дар яке аз муассисаҳое шурӯъ шуд, ки дар айни замон мавриди таваҷҷӯҳи ҳукумат қарор гирифтааст.

Сафари мо ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон аз боздиду мулоқотҳои мо дар яке аз муассисаҳое шурӯъ шуд, ки дар айни замон мавриди таваҷҷӯҳи ҳукумат қарор гирифтааст. Ин муассисаи марбути Ташкилоти таълими томактабӣ “Маркази махсуси давлатии гуногунсоҳаи реабилитатсионии “Имкон”-и шаҳри Нуқус мебошад. Сохтумони бинои он бо қарори Президент аз 16 августи соли 2018 роҳандозӣ шудааст.
Дар ин ҷо асосан кӯдакон ва наврасоне ба муолиҷа ва таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нуқсонҳои ҷисмонӣ ва равонӣ доранд. Ба манзури он ки онҳо аз шароити беҳтарину замонавӣ бархурдор бошанд, як бинои боҳашам ва комилан муҷаҳҳаз дар ихтиёри онҳо қарор дода шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин бино 120 кӯдаки нуқсондор ва имконияташон маҳдудро ба канори худ гирифтааст. Ба онҳо 134 нафар мутахассис, ки ҳудуди панҷоҳ дарсадашонро ходимони тиб ташкил медиҳанд, ҳамчунин омӯзгорону тарбиячиёни варзида нигоҳубин менамоянд.
– Маблағи барои сохтмони ин марказ ихтисосёфта 19 миллиарду 600 миллион сӯмро ташкил медиҳад. Маркази реабилитатсионии “Имкон” масоҳати бештар аз як гектарро ишғол мекунад. Ҳамаи тарбиятгирандагони марказ кӯдакони аҳолии минтақаи назди баҳри Арал мебошанд, ки дар ҷисми онҳо нуқсонҳои ҷисмонӣ ва равонӣ мавҷуд мебошад, – мегӯяд директори марказ Нурсулӯ Худойбергенова.
Таъкид гардид, ки баъзеи онҳо нуқсонҳои равонӣ низ доранд. Ҷиҳати барқарории саломатии онҳо ва фаро гирифтанашон ба таълиму тарбия, ки меҳнати дучандро тақозо менамояд, як идда мутахассисони корозмуда сафарбар шудаанд.
– Дар маркази реабилитатсионӣ асосан ба таври муназзам кӯдакони аз 2 то 7-сола муолиҷа мешаванд ва таълиму тарбия мегиранд. То қабул ба маркази мазкур ҳар як кӯдак аз назорати ҷиддии комиссияи тиббӣ-равонӣ мегузарад. Ин муоина раванди хеле мураккаб ва заҳматталаб мебошад. Зеро баъзан лозим меояд, ки барои муайян намудани вазъи саломатӣ ва равонии як кӯдак мутахассисон борҳо вайро аз назорат гузаронанд. Ҳатто баъзан барои ба ин ҷо шомил намудани кӯдак, наврас ё синнаш калонтар шаш моҳ ё як сол сипарӣ мешавад. Танҳо баъди анҷоми чунин натиҷагириҳо бо муштарии нуқсондор мутахассисон машғул хоҳанд шуд, – иброз дошт Нурсулӯ Худойбергенова.
– Ман фарзанди нуқсондори панҷсолаамро ба ин маркази реабилитатсионӣ оварда будам. Вай тамоман роҳ рафта наметавонист. Ҳоло писарам роҳ рафтан дорад ва дидани ин манзараи гуворо ману шавҳарамро лолу ҳайрон намуд. Мутахассисони ин марказ барои барқарор намудани саломатии писарамон хеле заҳмат мекашанд. Илоҳо, ҳаргиз дасти пизишкони ин маркази шифобахш дардро набинанд, – мегӯяд бо ашки хурсандӣ модари ин кӯдак Задра Боева.
Ёдовар мешавем, ки маросими ифтитоҳи Маркази реабилитатсионии Нуқус хеле бошукӯҳ баргузор шудааст. Дар он раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева, вазири таълими томактабӣ Агреппина Шин, намояндагони мактаби байналмилалии Донишгоҳи Гертсен, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва амсоли он ширкат кардаанд.
Воқеъан, утоқҳои ин марказ бо услуби миллӣ сохтаву муҷаҳҳаз шудаанд. Кӯдакону наврасон аз синфи аудиёӣ, хонаи муолиҷаи ҳискунӣ, физиотерапия, массаж, машқҳои ҷисмонӣ, давокунӣ ба тарзи мусиқашунавонӣ ва афсонагӯӣ, ҳавзи оббозӣ ва амсоли он фаровон истифода мекунанд.
Дар марказ дастгоҳҳои замонавии реабилитатсионӣ мусоидат менамоянд, ки татбиқи барномаи хоси умумӣ ва инфиродӣ самараи бештар ба бор оварад ва вазъи саломатии кӯдакону наврасон зудтар барқарор гардад. Ҳамчунин ҷиҳати ривоҷёбии онҳо низ аз усулҳои беҳтарин кор гирифта мешавад. Хоссатан, дар ин марказ зарфҳои аз лиҳози экологӣ тоза мавриди истифода қарор гирифтаанд.
– Як қатор таҷҳизоти ошхонаамонро аз Куриёи Ҷанубӣ дастрас намудем. Истифодаи ин таҷҳизот низ мусоидат мекунад, ки суръати барқарор намудани саломатии тарбиятгирандагони мо биафзояд. Ҳоло майдончаҳои автотест ва бозиҳои варзишӣ аз ҷойҳои дӯстдоштаи ин тарбиятгирандагон маҳсуб меёбанд, – зикр намуд директори Маркази реабилитатсионии Нуқус Нурсулӯ Худойбергенова.
Дар айни ҳол ин маркази ягонаи реабилитатсионии Вазорати таълими томактабӣ дар саросари ҷумҳурии мо маҳсуб меёбад.

Мӯйноқ – маркази маданият

Сафари мо ба ноҳияи Мӯйноқи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба маросимҳои ифтитоҳи ду ташкилоти таълими томактабӣ рост омад. Тавре ки вазири таълими томактабии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Ҷумъагул Уснатдинова дар ин маросими тантанавӣ изҳор кард, яке аз ин боғчаҳо барои 60 нафар ва дувумӣ барои 100 нафар кӯдакони маҳаллӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ба гуфтаи вазир ин ташкилотҳои таълими томактабӣ дорои тамоми шароит мебошанд.
– Вақте ки Президент Шавкат Мирзиёев ба ноҳияи Мӯйноқ ташриф овард, ин  ҳарфҳоро ба забон овард, ки вуҷуди ҳамаи моро ҳисси ифтихору ғурур фаро гирифт: “Маданият аз Мӯйноқ оғоз меёбад”. Дарвоқеъ, ман низ мехостам ташреҳу тафсири рушду нумӯъ ва корҳои созандагии ташкилотҳои таълими томактабии Қароқалпоқистонро маҳз аз он оғоз кунам, ки ҳар сол дар ин ноҳия кӯдакистонҳои наву замонавӣ сохта мешаванд. Ҳатто айни замон ба сохтани бинои нави кӯдакистонҳои дигар чандон зарурат боқӣ намондааст, – гуфт Ҷумъагул Уснатдинова.
Вай изофа намуд, ки чанде муқаддам дар ноҳияи Мӯйноқ ба таълими томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон ҳамагӣ 31 дарсадро ташкил мекард. Дар айни ҳол ин нишондиҳанда ба 97,7 расид. Муҳимтар аз ҳама, дар саросари ҷумҳурии паҳноварамон ин нишондиҳандаи баландтарин арзёбӣ мегардад.

– Мардуми Мӯйноқ дар шароити мушкилзои иқтисодиву экологӣ ба сар баранд ҳам, ҳамеша талош мекунанд, ки фарзандони онҳо аз шароити беҳтарину замонавӣ бархурдор бошанд. Ин намунаи баланди фарҳанги мардуми Мӯйноқро нишон медиҳад ва сарвари давлатамон низ маҳз ба ҳамин нукта таваҷҷӯҳи ҳамаро ҷалб намудааст. Забономӯзӣ, маданиятнокӣ ва пайдо кардани ҷойгоҳ дар ҷомеа барои ҳар як инсон маҳз аз ҳамин кӯдакистонҳо маншаъ мегиранд, – тазаккур дод вазири таълими томактабии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон.
Боздид аз ин ташкилотҳои таълими томактабӣ, ки маросими ифтитоҳашро баргузор карда буданд, дурустии ин ҳарфҳои Ҷумъагул Уснатдинова тасдиқ гардид. Маълум шуд, ки барпо намудани ин кӯдакистонҳо бар пояи барномаи инвеститсионӣ сурат гирифтаанд. Ҷумъагул Уснатдинова дар як суҳбати хос ба мухбири “Овози тоҷик” гуфт, ки гурӯҳи 32-нафарии занону духтарони маҳаллие, ки дар “Дафтари занон” ва “Дафтари оҳанин” сабти ном шудаанд, дар ин кӯдакистонҳо ба кор таъмин карда шуданд.
– Танҳо дар ноҳияи Мӯйноқ 27 ташкилоти таълими томактабӣ фаъолият мекунанд ва аз ин шумор 17-то мақоми давлатӣ, 8-то мақоми оилавӣ ва 2-то мақоми давлату шарикиро касб намудаанд. Аз 2 ҳазору 403 нафар кӯдакон анқариб 98 дарсади онҳо дар ин кӯдакистонҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, – афзуд Ҷумъагул Уснатдинова.

Ба таъкиди вазири таълими томактабии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар ин кӯдакистонҳо 230 нафар омӯзгор машғул ба кор ҳастанд, ки 60 нафари онҳоро кадрҳои дорои маълумоти олӣ ташкил медиҳанд. Аз зумраи кормандони кӯдакистонҳо боз 16 нафар занону духтарон дар мактабҳои олӣ аз рӯи тахассус таҳсил мекунанд. Ҷумагул Уснатдинова гуфт, ки ин занону духтарони маҳаллӣ дар арафаи супурдани имтиҳонҳои давлатӣ мебошанд ва ба наздикӣ соҳиби диплом хоҳанд шуд.
– Агар гӯем, ки барои кӯдакистонҳои соири вилоятҳои ҷумҳурии паҳноварамон тарзи кори ходимони ташкилотҳои таълими томактабии ноҳияи Мӯйноқи Ҷумҳурии Қароқалпоқистонро ҷиҳати фарохонии кӯдакон ба кӯдакистонҳо ҳамчун намуна бояд муаррифӣ кард, ҳаргиз муболиға нахоҳад шуд. Аммо барои он ки ба дурустии ин ҳарфҳои мо эътимод ҳосил намоянд, дар шаҳраки Мӯйноқ семинарҳо ташкил хоҳем кард ва дар ин семинарҳо таҷрибаи ходимони кӯдакистонҳои ҳамин минтақа оммавӣ карда хоҳад шуд, – гуфт сухангӯи Вазорати таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мавлуда Асқархӯҷаева.
Ногуфта намонад, ки дар зарфи ду соли охир шаҳраки Мӯйноқ хеле ободу зебо шудааст. Барпо шудани осорхонаи табиат, биноҳои боҳашами кохи фарҳанг, қабулхонаи халқ, амфитеатр, варзишгоҳҳо ва иморатҳои маъмуриву истиқоматӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки шаҳраки Мӯйноқ комилан намои худро тағйир додааст.
Роҳҳои дохилӣ мумфарш гардидаанд, истгоҳҳои замонавӣ роҳгузаронро аз боду борон ва офтоб эмин медоранд. Роҳравҳои ду самти роҳ низ ба талаботи имрӯза ҷавоб медиҳанд.
– Одамони зиёд аз ин минтақа ба ҷойҳои дигар кӯч бастанду рафтанд. Аммо як қисми ин одамон ба аёдати пайвандони худ омадаву ободу зебо шудани Мӯйноқро бо чашмони сар дида, орзуи баргаштанро доранд. Онҳо эҳсос мекунанд, ки ба ин Ватани кучаки худ баргарданд ва кору зиндагиашонро маҳз ҳамин ҷо идома диҳанд, – мегӯяд хушҳолона сокини ин шаҳрак Азамат Бекмуродов.

  1. “Қабристони киштиҳо”-и Мӯйноқ

Қабл аз он ки ба сӯи Нуқус баргардем, чанд соат дар ихтиёр доштем ва ин вақтро ба дидани “Қабристони киштиҳо” сарф намудем. Вақте ки аз мошин берун шудем, қабл аз он ки манзараи ҳузновари соҳилҳои садҳо километр хушкидаи баҳри Аралро тамошо кунем, аз осорхонаи экологии Мӯйноқ боздид кардем.
Дар ин осорхона ҳолати баҳри Арал дар солҳои 80-уми қарни гузашта, ҳолати соли 2008 ва соли 2018 акси худро ёфтааст. Ҳар як тамошобини суратҳо ва ашёи ба намоиш гузошташуда нақл мекард, ки қаблан дар ин муҳит кадом паррандаву даррандаҳо ва хазандаҳо зиндагӣ мекарданд, моҳидорон ба сайди кадом намуди моҳиҳо машғул мешуданд. Кас метавонад тавассути осорхона ба саволи чаро имрӯз соҳили баҳри Арал куллан сокин ва беодам мондааст ва амсоли он ҷавоб пайдо кунад.
Дар осорхона банкаҳои консервкардашудаи моҳиҳои гуногунро низ дидан мумкин аст, ки як замон корхонаи консервбарори машҳури Мӯйноқ истеҳсол менамуд. Қуҳои сафед низ макону манзалати доимии худро баъди хушк шудани оби баҳр кайҳо батамом тарк кардаанд. Баъзе ашёи осорхонаи экологии Мӯйноқ аз ин ҳодисаи ҳузнангез низ дарак медоданд ва бешак, дили ҳар муштарии худро ба риққат меоварданд.
Аз осорхона бо табъи гирифта берун шудем ва ба баландии тақрибан бистметрӣ омадем, ки соҳили кайҳо хушкида мисли каф ба назар менамуд. Баъд тавассути зинаҳо оҳиста ба поён фаромадем ва ҳамон манзараи мудҳиш, ки дар аксҳо дидаем ва аз рӯзномаҳо хондаем, пеши назар ҷилвагар шуд.

Дар “Қабристони киштиҳо” ҳашт киштии хурду бузург меистод. Аз ин киштиҳо танҳо қабурғаҳои холӣ боқӣ монда буд. Таҷҳизоти дигари онро шояд ба ғорат бурдаанд ва ё ба ҳайси оҳанпора дар ивази пулситонӣ бурда супурдаанд.
– Ин киштиҳо замоне барои моҳидорон хидмат мекарданд. Ҳамчунин одамони зиёд метавонистанд ба ин киштиҳо савор шуда, баҳри Аралро саёҳату тамошо кунанд. Аммо акнун мебинед, ки аз ин киштиҳо ғайр аз як пораҳои калони оҳан чизи дигар боқӣ намондааст, – гуфт роҳбалади мо, сухангӯи Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Азамат Аҷимуротов.
Вай афзуд, ки чунин киштиҳои зери барфу борон ва офтоб харобшуда каме дуртар аз ин ҷо низ боқӣ мондаанд. Барои он ки кас то соҳили баҳри Арал расонад, ҳадди ақал бояд 250 километр роҳ тай кунад, аммо ҳоло тавассути автобус ё мошинҳои сабук аз ин ҷо то соҳили баҳри Арал расидан мушкил аст. Ба гуфтаи Азамат Аҷимуротов мошинҳои баланду бақувват қодиранд, ки хоҳишмандонро то соҳили баҳр расонанд.
– Аммо ин масофа низ зуд тай намешавад, зеро роҳ ҳамвор нест ва ин сафар муддати дарозро тақозо менамояд, – таъкид намуд Азамат Аҷимуротов.
Ҳар кадом дар назди ину он киштӣ чанд намуд акс гирифтем. Баъд дубора ба ҳамон баландӣ баромадем, ки ҳарчи зуд аз тамошои ин манзараи ҳузнангезу риққатовар бигрезем. Воқеъияти ҳол нишон медод, ки инсон ба далели ба даст овардани миллионҳо тонна пахта, обёрӣ кардани заминҳои навкорам Арал барин баҳрро ҳам хушконида метавонистааст.
— Мегӯянд, ки дар таърихи мавҷудияти худ баҳри Арал се бор хушк шудаву дубора пайдо шудааст. Аммо ин гуфтаҳо то чи андоза ҳақиқатанд ё бофтаҳои хаёлӣ, ба мо маълум нест, – гуфт як ҳамсафарам аз табори қароқалпоқҳо, ки дар яке аз нашрияҳои марказӣ фаъолият мекард.
Дар дил орзу кардам, ки баҳри Арал дубора домани соҳилҳои худро то шаҳраки Мӯйноқ тавсеа диҳад ва ин ҷо ҳамон манзараҳои қаблӣ дубора арзи вуҷуд кунанд. Чунки “Орзуро айбе нест” гуфтаанд дар урфият.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси
“Овози тоҷик”.

ТОШКАНД – НУҚУС –
МӮЙНОҚ – ТОШКАНД.


“МОЛИ ДАВЛАТРО ДИГАРОН БА ТОРОҶ МЕБАРАНД”

  • 09 Фев 2021

Рӯзе ба телефони мобилиам зане занг зад ва гуфт, ки солҳои дароз дар Ҷамъияти саҳҳомии “Корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи Фарғона” кор мекард, аммо бештар аз якуним сол мешавад, ки бидуни ягон асос ва далел ӯро аз кор ронданд.
Бо ин зан, ки Шоира Исроилова ном дорад,  вохӯрдам ва ба суҳбаташ гӯш додам. Ба гуфтаи ӯ дар аснои кор ҳамеша талош менамуд, ки мавод танҳо баъди расмӣ кунонидани ҳуҷҷатҳо аз анбори корхонаи шабакаҳои барқи вилоят ба ҷои муқарраршуда фиристода шавад. Вай гуфт, ки рухсатномаҳои таҷҳизот ва ҳуҷҷатҳои ҳар як маводро дар китоби алоҳида қайд менамуд.
– Мутаассифона, қайди молҳои зиёд дар дафтари махсус, ки тибқи барномаи “Деҳаи обод” аз анборхона ба ноҳияҳо фиристода мешуданд, ба таъхир меафтод. Маъмурият аз ман тақозо менамуд, ки ин амволи давлатӣ бидуни расмӣ кунонидани ҳуҷҷат бояд ба ҷойҳои лозимӣ интиқол дода шавад,– изҳор кард ӯ. – Мехостам аз ба тороҷ бурдани амволи давлатӣ дар корхонаамон ҷилавгирӣ кунам. Аз ин ҳол чанд карат директори корхонаро расман огоҳ кардам. Вале ба ҷои он ки пеши чунин корҳои ғайриқонунӣ гирифта шаванд, баръакс кор ба ҷое расид, ки худи маро аз кор ронданд. Роҳбари корхонаамон маро маҷбур намуд, ки ариза нависаму “бо хоҳиши худ” аз кор равам. Вай боз таҳдид кард, ки агар бо хоҳиши худ аз кор наравам, нисбати ман чораҳои шадидтар хоҳанд андешид.
Ӯ  бо вуҷуди таҳдидҳои пай дар пай аз навиштани ариза худдорӣ намуд.
– Баъди аз кор ронда шудан ман ба додгоҳи маъмурии шаҳри Фарғона муроҷиат кардам. Ин аввалин марҳила буд, ки барои барқарор намудани адолат бо ариза муроҷиат кардаам. Баъди муҳокимаҳо додгоҳи маъмурии шаҳр ҳукми ба кор барқарор кардани маро содир намуд. Ҳамзамон ба фоидаи ман аз хазинаи корхона якуним миллион сӯм зарари моддӣ ҷуброн карда шуд,– гуфт Шоира Исроилова.
Ин гуфтаҳои ӯро ҳуҷҷатҳои суд тасдиқ менамуданд.
Вай дар ҷараёни суҳбат иброз дошт, ки баъди ҳукми додгоҳ ба ҷои кор ҳозир шуд, вале ӯро ба  корхона роҳ надоданд. Маълум шуд, ки посбонҳо мувофиқи амри директор ӯро ба ҳудуди корхона ворид намекунанд. Маъмурияти корхона аз иҷрои ҳукми додгоҳи маъмурии шаҳри Фарғона сарпечӣ карда буд. Ба ҷои он ки Шоира Исроилова бар асоси ин ҳукм  дубора ба кор барқарор шавад, ӯро ба идора роҳ надоданд ва маҷбур карданд, ки калиди коргоҳашро низ бо ду дасти адаб ба маъмурият супорад.
– Дар ҷои кор ҳуҷҷатҳои зиёдро нигоҳ медоштам. Баъд маълум шуд, ки бе иштироки ман  ҳуҷҷатҳоро аз сандуқчаи миз гирифтаанд. Хушбахтона, баъзе аз ин ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ карда будам ва баъд онро ба муфаттиши прокуратура, тақдим намудам. Аммо муфаттиш, ҳатто ба ин ҳуҷҷатҳо таваҷҷӯҳ накард. Агар таваҷҷӯҳ мекард, аллакай ҷавобгар дигарон мешуданд,– мегӯяд Шоира Исроилова.
Ба таъкиди ӯ баъди чунин ранг гирифтани кор маъмурони корхона ба тарзи тундтар кор гирифтанд.
– Ҷонишини директор оид ба масъалаҳои умумӣ Эрнест Ибрагимов бо шиддат таҳдид намуд, ки агар боз назди дарвозаи корхона пайдо шавам, ба хешу таборам низ зарар мерасонад. Аммо ман наҳаросидам ва барои пойдор гаштани адолату ҳақиқат устувор истодам, – мегӯяд Шоира Исроилова. – Ба қабули ҳокими вақти вилоят Шӯҳрат Ғаниев даромадам ва матлабро гуфтам. Ӯ ба раиси кумитаи занҳои вилоят фармуд, ки зуд маро дар ҷои корам барқарор кунад. Аммо ҳамааш бенатиҷа анҷомид.
Тавре ки Шоира Исроилова боз тазаккур дод, бо амри Дилшод Ҷалилов ҳуҷҷатҳои сохта таҳия карда, ӯро дар тороҷи 124 миллион сӯмина амволи корхона муттаҳам карданӣ шуданд. Вай ба ҷои он ки ба кори пештарааш барқарор шавад, акнун дар назди суди ҷиноятӣ ҷавоб медиҳад.
– Инак, бештар аз якуним соли умрам дар идораҳои прокуратураву суд гузашт, – мегӯяд Шоира Исроилова.
Мавзӯъро зери таҳқиқ қарор додам. Дар корхонаи шабакаҳои барқи вилоят масъули дафтари матбуот маро истиқбол гирифт. Матлабро баён кардам. Вай гуфт, ки дар ин маврид аввал бо мудири шуъбаи кадрҳо Улуғбек Мирзоев гуфтугӯ кунам.
– Мувофиқи ҳукми додгоҳи маъмурии шаҳри Фарғона Шоира Исроилова бояд ба ҷояш барқарор шавад, аммо чаро ин кор сурат нагирифт?– пурсидам аз Улуғбек Мирзоев.
– Далел ин аст, ки вай баъди содир шудани ҳукм чанд рӯз ба кор наомад ва мо маҷбур шудем, ки бар ин асос ӯро аз кор хориҷ кунем, – посух дод мудир.
– Хабар доред, ки посбонҳо вайро даромадан намондаанд?
– …
– Дар он сурат чаро вай дар тороҷи амволи корхона гумонбар шудааст?
– Ин мавзӯъро бояд бо маъмурият матраҳ кунед.
Пай бурдам, ки масъала хеле пурпечутоб аст. Мулоқот бо директори генералии ҶС “Корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи вилояти Фарғона” Дилшод Ҷалилов ва ҷонишини ӯ оид ба масъалаҳои умумӣ Эрнест Ибрагимов бароям муяссар нагардид. Хусусан, Э. Ибрагимов бо пеш овардани баҳонаҳои гуногун аз суҳбат канораҷӯйӣ  кард.
Ғайр аз ин, чор нафар коргарони ин корхона ба далели он ки дар мурофиаҳои суд аз Шоира Исроилова ҳимоят кардаанд, бо амри маъмурият фавран аз кор ронда шудаанд ва ҳоло ба садои онҳо касе гӯш намедиҳад!
– Шоира одаме нест, ки ба амволи корхона чашм ало кунад. Вай чанд бор нагузошт, ки бидуни ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои лозима анҷому таҷҳизот аз анбор берун барояд,– гуфт посбони собиқи ин корхона Мирзоҷон Фозилов.
Давлатҷон Ҳомидҷонов, Мамадазим Ҷалилов ва Муҳиддин Ҳасанов низ зимни суҳбат ин гуфтаҳои Мирзоҷон Фозиловро тасдиқ намуданд.
– Талош ба харҷ дода мешавад, ки аз ин коргарзани корхонаи ҳудудии барқи Фарғона як ҷинояткори ашаддӣ созанд. Ба ин васила дигарон аз ҷавобгарии ҷиноӣ наҷот хоҳанд ёфт, – мегӯяд вакили мудофеъ Бурҳонҷон Мамаҷонов.
Ба гуфтаи  ӯ Шоира Исроилова зани танҳост ва бояд кор кунаду зиндагии хонаводагиашро пеш барад, аммо прокуратура ду пойро ба як мӯза карда, бо қатъият талош намудааст, ки ин зани дар асл бегуноҳ дар назди қонун ҷавоб диҳад.
Зимни таҳқиқи мавзӯъ аз муфаттиши парванда пурсидам, оё эътимодаш қавист, ки гумонбар Шоира Исроилова ба ин миқдор амволи давлатро ба тороҷ бурдаасту   роҳбарияти корхона онро пай набурдааст. Ҷавоби ин суолам аз ҷониби муқобил танҳо сукут буд. Боз суол кардам, аз парвандае, ки такмил кардаву ба додгоҳ интиқол додааст, худи вай қаноатманд аст ё на. Ин савол низ беҷавоб монд.
Вақте ки дар суди ҷиноии шаҳри Фарғона баррасии парванда ба охир расид, раисикунанда Фирӯза Сиддиқова эълон кард, ки роҳбарияти корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи Фарғона  87 миллион сӯмина амволи давлатиро ба тороҷ бурдаанд. Вай мақомоти прокуратураро водор намуд, ки дар корхонаи мазкур тафтиш гузаронанд ва хисороти молиро ба хазинаи корхона бозгардонанд.
Ба ин тартиб, додгоҳ қарор кард, ки Шоира Исроилова аз 124 миллион сӯм танҳо 37 миллион сӯмина амволро ба тороҷ бурдааст. Барои куллан бегуноҳ ҳисобидани ӯ ҳуҷҷату мадракҳои лозима тақдим нашудаанд. Прокуратураи вилоят аз  ин ҳукми додгоҳи корҳои ҷиноии шаҳр норозӣ шуд ва барои бозрасии парванда шикояти аппелятсионӣ ворид кард. Бо вуҷуди он ки бозрасии парвандаро маъмурияти ҷамъияти саҳҳомии корхонаи ҳудудии барқи Фарғона тақозо намуд, дар ҷараёни мурофиаҳои суд як қатор ҳолатҳои дигари аз тарафи роҳбарияти корхона ба яғмо бурдани амволи давлатӣ маълум гардид.
Як қатор шоҳидон, ки Шоира Исроиловаро дар ба тороҷ кардани амволи корхона айбор мекарданд, ба саволҳои вакили мудофеъ ҷавоб дода натавонистанд.
Нуктаи дигари қобили зикр ҳамин мебошад, ки судя аз саволу ҷавобҳои дуру дароз бо баъзе аз шоҳидон қаноат ҳосил накард. Дар ҷараёни мурофиа раисикунандаи маҷлис эълон кард, ки ба ин корхона меравад ва агар яхдон, кондисионер ва телевизори батороҷбурдаи Шоира Исроиловаро дар ҷояш пайдо накунад, он гоҳ шаҳодати гувоҳҳо ба инобат гирифта мешавад.
Ба гуфтаи Бурҳонҷон Мамаҷонов вай бо судяи суди ҷиноии вилоят ҳамроҳ ба ин корхона рафт.
– Он ҷо баъзе масъулин кӯшиш карданд, ки судяро гумроҳ кунанд. Онҳо  муддати истеҳсоли яхдону телевизор ва кондисионерро ғалат нишон медоданд. Аммо судя ҳар кадоми ин ашёро бидуни саросемагӣ як-як дида баромад ва эътимод ҳосил намуд, ки амволи “бағоратбурда”-и Шоира Исроилова дар ҷои худ ҳастанд, – мегӯяд Бурҳонҷон Мамаҷонов.
Дар ҷараёни мурофиаҳои суд шоҳидони корхонаи барқи вилоят далел оварданд, ки баъзе ҳуҷҷатҳоро Шоира Исроилова имзо кардааст. Аммо суд имзоҳои ҳуҷҷатҳоро тақаллубӣ арзёбӣ кард ва дар ин маврид низ гуноҳро аз сари гумонбар соқит намуд.
Ахиран, додгоҳи ҷиноии вилояти Фарғона баъди муҳокимаҳои дуру дароз ҳукми худро содир намуд. Мувофиқи он аз 124 миллион сӯми амволи гӯё ғоратшуда, ки корхона ба вай нисбат медод, танҳо 19 миллион сӯм ба дӯши Шоира Исроилова гузошта шуд. Маблағи боқимондаро муфаттишон нодуруст ба дӯши ӯ бор кардаанд. Аммо вакили мудофеъи ӯ гуфт, ки ба Суди олӣ шикояти касатсионӣ ворид мекунад.
– 19 миллион сӯме, ки ба дӯши вай гузоштаанд, ба ӯ ягон иртибот надорад. Гузашта аз ин, ҳамон порчаҳои оҳани манораи об, ки гӯё “дуздида фурӯхтааст”,  ҳанӯз дар ҷои худ барқарор аст. Аммо инро судя ба эътибор нагирифт. Дар ин бора ба Суди олӣ далелҳои раднашаванда тақдим хоҳем кард, – гуфт Бурҳонҷон Мамаҷонов.
Интизор меравад, дар бораи баъзе бандҳои моддаи 167-и КПҶ, ки нисбати Ш.Исроилова тааллуқ дода мешавад, ҳукми ниҳоиро Суди олӣ эълон мекунад. Аз натиҷаи он муштариёни рӯзномаро огоҳ хоҳем кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.


САФАРИ МАТБУОТИИ ПУРСАМАР

  • 23 Мар 2021
  1. АРЗИ ВУҶУД КАРДАНИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ҲАРОРАТӢ — ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ МАМЛАКАТ
  2. АРЗИ ВУҶУД КАРДАНИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ҲАРОРАТӢ — ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ МАМЛАКАТ

Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош яке аз нерӯгоҳҳои азим маҳсуб меёбад, ки Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразмро пурра бо нерӯи барқи бефосила таъмин менамояд. Ҳамзамон корхонаи маъдани кӯҳии Навоӣ низ аз нерӯи барқи ин нерӯгоҳ бархурдор мебошад.
Зимни сафари дурӯзаи матбуотӣ ба ин ҷумҳурӣ журналистону блогнависон шоҳиди он гардиданд, ки нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош ба ивази маблағҳои хеле калон арзи вуҷуд намудааст. Ин сафари матбуотӣ тибқи нақшаи Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти ҷумҳурӣ ва Вазорати энергетика ба вуқӯъ пайваст. Сохтмони нерӯгоҳ мувофиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ сурат гирифта, дар ҷараёни бунёди он қувваи зиёди корӣ низ корбаст шудааст.
Баъди он ки ҳавопаймо иштирокчиёни сафари матбуотиро аз Тошканд ба Нуқус расонд, дар дафтари маъмурии ин нерӯгоҳ семинар-тренинги доманфарох баргузор шуд. Дар он мавзӯи “Самараҳои механизми бозтоби соҳаи барқ дар васоити ахбори умум” мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Директори генералии нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ Фахриддин Халилаев суҳбатро аз он шурӯъ намуд, ки мувофиқи қарори Президенти мамлакат аз 11 сентябри соли 2017 таҳти рақами ҚП-3264 лоиҳаи дастгоҳу таҷҳизоти лӯлаҳои газу бухор амалӣ гардид. Қувваи ҳар яки ин таҷҳизоти буғу газ аз 230 то 260 мВт ва аз он ҳам бештарро ташкил мекунанд. Таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи ҳароратиро ширкатҳои General Elektric ва Hyundai истеҳсол намудаанд.
– Ҳадаф аз сохтани нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош таъмини Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм бо барқи бефосила ва босифат, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ, сарфаи захираҳои сӯзишворӣ ва истифодаи самараноки он мебошад, – иброз дошт директори генералӣ.
Арзиши умумии лоиҳа 678,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Аз ин шумор беш аз 230 миллион доллар аз ҳисоби кредитҳои Хазинаи эҳё ва рушди Ӯзбекистон, 27,3 миллион доллар аз ҳисоби маблағи Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ ва 102,2 миллион доллар аз ҳисоби ҳиссаи пуштибонӣ аз лоиҳаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон харҷ шудааст. 300 миллион доллари боқимонда ба маблағҳои инвеститсионии Бонки рушди Осиё тааллуқ доранд.
– Корҳои сохтмонии нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатошро консорсиуми ширкатҳои Hyudai Engineering & Conctrukcion бар асоси технологияҳои замонавию пешрафта анҷом додаанд. Дар ин нерӯгоҳи барқ ба кор даромадани ду дастгоҳи газу буғ нишондиҳандаҳои техникиву иқтисодии нерӯгоҳро боз бештар афзоиш дод, – иброз дошт Фахриддин Халилаев.
Тавре ки вай таъкид варзид, нерӯи он аз 730 МВт ба 1000 МВт боло рафт. Минбаъд миқдори тавлиди солонаи нерӯи барқ аз 3 миллиард кВт-соат ба 3,6 миллиард кВт-соат меафзояд. Ҳаҷми сӯзишвории шартӣ, ки барои тавлиди 1 кВт-соат харҷ мешавад, ба 170,36 гр-кВт соат коҳиш меёбад. Ба ибораи дигар, дар тӯли сол 488,6 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа мегардад. Гузашта аз ин, миқдори оби истифодашаванда ба 293 миллион метри мукааб коҳиш меёбад.
Ҳифзи муҳити зист ва экология ҳамеша дар мадди назари онҳо қарор дорад. Бар ин асос истифодаи технологияҳои наву замонавии нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ мусоидат менамоянд, ки партобаҳои оксиди азот ба севуним баробар, партобаҳои умумии ифлоскунандаи атмосфера ба 5,1 баробар, дараҷаи ифлосшавии он ба 3,2 баробар коҳиш ёбад.
– Ба кор даромадани ду таҷҳизоти буғу гази иловагии нерӯгоҳ 100 нафари дигарро ба кор таъмин мекунад. Аммо аз оғози иҷрои лоиҳа дар маҷмӯъ 2 ҳазору 155 нафар муҳандис ва коргар ҷалб шудаанд, ки 1 ҳазору 511 нафари онҳоро аҳолии маҳаллӣ ташкил медиҳад. 644 нафар аз зумраи мутахассисону коргарони хориҷӣ мебошанд. 65 нафар мутахассисони ҷавон барои корбасти дастгоҳҳо ва таҷҳизоти нав буғу газ дар нерӯгоҳҳои барқи ҳароратии Навоӣ, Тошканд ва Талимарҷон тарбия карда шуданд ва соҳиби сертификат гардиданд, – гуфт директори генералии нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ.
Гуфта шуд, ки агар нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош соли 2020 тавлиди 3 миллиарду 563 миллион кВт-соат нерӯи барқро ба нақша гирифта бошад, то охири сол ин нишондиҳанда ба 110 дарсад иҷро гардид. Нерӯгоҳ аз ҳисоби тавлиди барқ 410 миллиарду 587 миллион сӯм даромади соф ба даст овард. Дар мавриди пойин бурдани арзиши аслии барқ низ ба комёбиҳои муҳим даст ёфтанд.
Тавре ки таъкид гардид, дар ояндаи наздик ба воситаи рақамикунонии корхонаи мазкур хароҷотҳо ва гардиши коғаз низ коҳиш дода хоҳад шуд. Зеро тамоми корҳо автоматикӣ ба анҷом расонида мешаванд.
Дар назди компютерҳои маркази идоракунӣ ва назорат мутахассисоне машғули кор ҳастанд, ки аз зумраи мутахассисони варзидаи нерӯгоҳ ба шумор мераванд. Ҳамчунин онҳо мунтазам аз такмили ихтисос мегузаранд ва донишу маҳорати худро такмил медиҳанд.
Як гурӯҳ мутахассисони Куриёи Ҷанубӣ дар ин нерӯгоҳ вазифаҳои гуногунро анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, яке аз менеҷерони лоиҳа Ҷин Ҷи Ли мебошад. Вай дар бораи он ҳарф зад, ки то ба Ӯзбекистон омаданаш дар чанд кишвари дунё кор кардааст. Ба гуфтаи ӯ дар муқоиса бо кормандоне, ки ҳамроҳи ӯ дар як қатор кишвари Осиё ва Африқо кор кардаанд, ӯзбекистониҳо хеле меҳнатдӯст ва меҳмондӯст мебошанд.
– Соли сеюм ин ҷо иқомат ва кор мекунам. Худро тарзе эҳсос менамоям, ки дар хонаи худ бошам. Давраи пуршиддати пандемияро хеле сабурона пушти сар кардем ва тавонистем, ки дастгоҳи дуввуми нерӯгоҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем, – гуфт Ҷин Ҷи Ли. Ӯзбекистон хеле устуворона тараққӣ мекунад ва пеш меравад. Барои сармоягузорони хориҷӣ дар кишвар имкониятҳои хеле фаровон фароҳам оварда шудаанд ва ҳар як сармоягузор соҳаҳои хостаашро метавонад сармоягузорӣ намояд.
Ногуфта намонад, ки корҳои сохтумонии нерӯгоҳ моҳи октябри соли 2017 шурӯъ гардида, зимни анҷоми ин корҳо аз маҳсулоти маҳаллӣ истифода гардидааст. Аз ҷумла, 47 ҳазору 411 метри мукааб маҳсулоти бетонӣ, 4 ҳазору 613 тонна арматура, 41 ҳазору 837 метри мураббаъ панелҳои сендвичӣ, 65 ҳазору 440 метри мукааб омехтаҳои регу шағал корбаст гардидаанд.
Устои калони дастгоҳи буғу гази нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош Қудрат Абдуллоев мегӯяд, баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмон дар блоки дуюм санҷишҳои тестӣ ба роҳ андохта шуданд ва ин раванд идома дорад. Ин тестҳои санҷишӣ барои муайян намудани нишондиҳандаҳои тавлиди барқ ва арзёбӣ кардани ҷараёни технологӣ корбаст шудаанд. Дар корхонаамон лӯлаҳои газу бухор, генераторҳои синхронӣ ва таҷҳизоти дигар ба кор бурда мешаванд, ки дар ширкатҳои маъруфи хориҷӣ истеҳсол шудаанд. Нерӯи ҳар як блок 260 мВт-ро ташкил мекунад ва солона 3,6 миллиард кВт-соат нерӯи барқ тавлид менамояд.
Вай боз илова намуд, ки нерӯи барқ аз ҳисоби сӯхтани газ ҳосил мешавад. Агар ҷараёни мазкурро тавзеҳу ташреҳ доданӣ бошад, кор ба ин шакл сурат мегирад: энергияи гармӣ ба деги бухор интиқол меёбад ва буғи технологӣ истеҳсол мешавад, ки дорои фишори хеле баланди ҳарорат мебошад. Ин буғ ба лӯлаи буғ фиристода мешавад ва дар марҳилаи дуюм маҳз ҳамин буғ нерӯи барқ тавлид менамояд.
Дар ҷараёни суҳбати ихтисосӣ директори генералии НБҲТ Фахриддин Халилаев гуфт, ки истеҳсоли нерӯи барқ чандин ҷараёни кориро паси сар менамояд ва ин ҷараён ҳаргиз кори саҳлу сода нест. Дар сардиҳои чилупанҷ дараҷаӣ ва гармои тобистон ходимони мо меҳнат мекунанд. Маблағҳои барои тавлиди нерӯи барқ заруриро аз хориҷа ба сифати қарз гирифтаем ва ин ҳол аз ҳар як шаҳрванди мо тақозо менамояд, ки ба қадри нерӯи ин барқ бирасанд.
Вай ба он нукта низ таъкид варзид, ки қаблан барои истеҳсоли 1 кВт-соат нерӯи барқ 430 грамм гази табиӣ сарф мешуд. Баъди насби технологияҳои наву замонавӣ миқдори гази сарфшуда то ба 250 грам пойин фаромад. Ин ба он маънист, ки ба 40 дарсади сарфакории гази табиӣ муваффақ шуданд. Мувофиқи нақша дар оянда низ афзоиш додани ҳаҷми нерӯи барқ, саҳми бештар дар сохтори мазкур ва коҳиши хароҷотҳо аз ҳадафҳои асосии онҳо ба шумор меравад.
– Ман низ ба ҳарфҳои директори генералӣ ҳамовозӣ мекунам. Мардуми мо бояд ба қадри истеҳсоли барқ бирасанд ва дар мавриди сарфакории он ҳамеша иқдом намоянд. Зеро барои истеҳсоли як кВт нерӯи барқ меҳнати шабонарӯзии кормандони нерӯгоҳ, воситаҳои мухталиф ва маблағи зиёд харҷ мегарданд. Аксар вақт дар хона ва корхонаву фароғатгоҳҳо, дафтарҳои корӣ бидуни эҳтиёҷ чароғҳо равшананд. Як идда одамони мо сарфакории нерӯи барқро ҳаргиз ба хаёл намеоранд. Аммо вақте ки чанд лаҳза барқ хомӯш мешавад, дарҳол ибрози норизоӣ мекунанд, ҳатто то фурӯзон шудани барқ сабру тоқатро аз даст медиҳанд, – мегӯяд роҳбари дафтари матбуот — мушовири масъалаҳои сиёсати ахбори раиси умумии “Шабкаҳои миллии барқи Ӯзбекистон” Улуғбек Ӯрунов.
Дарвоқеъ, аз саёҳат дар нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ ба чунин натиҷа расидем, ки дар саҳрои холӣ арзи вуҷуд намудани нерӯгоҳи баландшиддати барқи ҳароратӣ эҳтиёҷи мардуми зиёд ва як қатор корхонаҳои саноатии ин минтақаро ба куллӣ рафъ карда метавонад. Дар суҳбатҳо бо мардуми маҳаллии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон низ ин маъниро дарёфтем, ки онҳо кайҳо инҷониб хомӯш шудани барқро дар ёд надоранд.
– Мо аз нерӯи барқи боэътимод ва муназзам истифода мекунем. Агар ин ҳарфҳоро касе аз мардуми қароқалпоқ чанд сол муқаддам мегуфт, ба ҳолаш тамасхур мекардем ва мегуфтем, ки ақли ин фард дар ҷояш нест. Аммо имрӯз вазъият комилан тағйир ёфтааст. Барои дар ҷумҳурии мо барпо намудани чунин як нерӯгоҳи бузурги барқи ҳароратӣ ба сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев самимона минатдорӣ арз мекунем, – мегӯяд сокини Тахиатош Алмосхон Бердақова.

  1. ОСОРХОНА – БАЁНГАРИ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХИ САНЪАТУ БОСТОНШИНОСӣ

Рӯзи дувуми сафари матбуотиро баъди шиносоии бештар бо ҷараёни кор ва роҳу усулҳои истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳи барқи ҳароратии Тахиатош бо боздид аз осорхонаи давлатии санъати ба номи Игор Савитский, воқеъ дар шаҳри Нукус, давом додем. Ин осорхонаи бузургтарин дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба шумор меравад. Осорхонаи мазкур 1 майи соли 1966 аз тарафи рассоми рус Игор Виталевич Савитский ташкил шудааст. Вай аз директорони нахустини ин осорхонаи санъат муаррифӣ шудааст.
Ба таърихчаи шарҳи ҳоли ин рассоми рус, дар айни замон, ба нақши беназири ӯ дар ҳифзи хазинаи ғании санъати рассомӣ ва маводи бостоншиносӣ назар афканем, маълум мешавад, ки Игор Савитский дар бунёди осорхона саҳми асосӣ гузоштааст. Вай соли 1915 дар шаҳри Киев ба дунё омадааст. Аз бачагӣ ба касби рассомӣ дил бохтааст ва барои расидан ба ҳадафҳои худ талошҳои зиёд ба харҷ додааст.
Соли 1920 оилаи онҳо аз Киев ба шаҳри Маскав кӯчидааст. Соли 1930 Игор барои идомаи таҳсил ба донишкадаи полгирафия дохил шудааст, аммо таҳсилро дар омӯзишгоҳи рассомии ин шаҳр идома додааст.
Гуфта мешавад, ки қабл аз оғози ҷанги зидди Олмон дар моҳи июни соли 1941 Игор Савитский ба Донишкадаи ба номи Суриков дохил шудааст ва аз устодони маъруфи худ – Р.Фалк, Н.Улянов, К Истомин ва дигарон нозукиҳои касби рассомиро амиқтар омӯхтааст. Ба далели он ки Игор бемор будааст ва имкони ширкат дар муҳорибаҳои ҷангро надоштааст, вайро ба корзори ҷанг нафиристодаанд. Ӯ фаъолияташро берун аз майдони набард дар коргоҳи расссомӣ давом додааст.

Бар асари ҷанги хонумонсӯз шаҳру деҳоти зиёд ба вайрона табдил ёфтанд. Ҳукумати вақти шӯравӣ соли 1942 тасмим гирифт, ки Донишкадаи ба номи Суриковро ба шаҳри Самарқанд кӯчонад. Игор низ барои идомаи таҳсил ба шаҳри Самарқанд омад. Дар ҳасби ҳоли ӯ омадааст, ки ин сафари нахустини И.Савитский ба Осиёи Миёна мебошад ва он дар ҳаёти минбаъдааш нақши хеле муҳим бозид. Игор таҳсилро анҷом дода, ба Маскав баргаштааст.
Баъди анҷоми ҷанг ва пирӯзии артиши шӯравӣ аз болои фашизми Олмон Игор Савитский дубора ба Осиёи Миёна (солҳои 1950-1952) сафар кардааст. Ин бор ӯ ба Қароқалпоқистон омада, дар экспедитсияи бостоншиносии Хоразм ба кор сар кардааст. Баъдан тасмим гирифтааст, ки дар Қароқалпоқистон мемонад. Ӯро дар шӯъбаи этнографияи бахши қароқалпоқистонии Академияи улуми Ӯзбекистон ба сифати ходими илмӣ ба кор пазируфтаанд. Вай дар баробари пеш бурдани кори рассомӣ, ҳамзамон ба гирдоварии ашёи зебу зинати занҳо, либосҳои миллӣ ва маводи ороишии хаймаҳо пардохтааст.
Тавре ки дар ин осорхона ба мо гуфтанд, ҳоло 100 ҳазор ашёи гуногун барои намоиш омода карда шудаанд ва 80 ҳазор адади онро И.Савитский ҷамъомарӣ кардааст. Ин ашё ё экспонатҳои намоишӣ дар баробари суратҳои гуногун, аз бозёфтҳои бостоншиносӣ, асарҳои рассомони Ӯзбекистону Русияи марбут ба солҳои 1920-1930, ҳамчунин асарҳои намояндагони санъати тасвирии имрӯзи Қароқалпоқистон иборатанд.
– Асарҳои мутааллиқ ба солҳои 20-30-уми қарни гузашта маҷмӯи асосии хазинаи осорхонаи моро ташкил мекунанд. Ҳамон солҳо аз Русия ба Ӯзбекистон рассомон М.Курзин, Е.Коровай, Н.Кашина, В.Уфимсев, П.Бенков, З.Ковалевская, В.Лисенко ва дигарон омада эҷод кардаанд,  – мегӯяд корманди ин осорхона Ҳалима Нуруллоева.
Дарвоқеъ, маълум шуд, ки яке аз мусаввараҳои гаронарзиши осорхона, ё ба ибораи дигар, “корти муаррифӣ”-и он сурати “Барзагов” мебошад. Он ба мӯйқалами рассоми рус В.Лисенко тааллуқ дорад. Ин сурат ба сифати симои барҷастаи осорхонаи мазкур муаррифӣ мешавад. Онро Игор Савитский дар яке аз болохонаҳои ҳавлии хешовандони дӯсташ пайдо кардааст. Гуфта мешавад, ки ин сурат як қисми боми харобшудаи хонаро аз барфу борон ҳимоя мекард.
Соли 2017, ҳангоми сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Русия, бори нахуст намунаҳои зиёде аз осори гаронбаҳои осорхонаи Нуқус дар Маскав ба намоиш гузошта шуд. Сарварони ду давлат – Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин ба осорхонаи санъати тасвирии ба номи Пушкин барои ширкат дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи “Хазинаи Нуқус” омаданд.
Директори осорхона Марина Лошак дар маросими мазкур ашёи намоишии “Хазинаи Нуқус”-ро намунаи хосу беназири санъати тасвирӣ арзёбӣ кардааст.
Ашёи намоишии Осорхонаи давлатии санъати Нуқус дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж низ ба намоиш гузошта шудаанд.
Ногуфта намонад, ки бинои ин осорхона аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум маводи бостоншиносӣ, нумизматика(сиккашиносӣ) ва санъати амалии халқӣ гузошта шудаанд. Ошёнаи дувум аз хазинаи ашёи намоишӣ иборат аст ва 100 ҳазор ашёро гирдоварӣ кардааст, аммо ҳамагӣ 3 дарсади он барои тамошогарон ҳавола гардидааст. Дар ошёнаи севвум авангарди русӣ ҷой гирифтааст. Авангарди русӣ як равияи васеъ, гуногун ва зиддиятнокест, ки дар Русия аз соли 1910 то соли 1932 ташаккул ёфтааст. Ба истилоҳи дигар, ин дарки инқилобии воқеъият аст ва асри бистро ба даврае табдил додааст, ки тафаккури инқилобӣ дар санъат натиҷаи тағйирот дар ҷомеаро ташкил кардааст ва он тамоми сайёраро фаро гирифтааст.
Ҳамчунин дар ин ошёна маҳсули мӯйқаламҳои расссомони варзидаи ӯзбеку қароқалпоқ ба намоиш гузошта шудаанд.
Зимни боздид ва тамошои ашёи осорхона шоҳид шудем, ки 160 нафар корманди он бо лутфу меҳрубонӣ ба муштариёни алоҳида ва гурӯҳ-гурӯҳ роҷеъ ба ашёҳои намоишӣ маълумотҳои хеле ҷолиб ва пурмуҳтаво ироа мекунанд.
Он нукта дар ин ҷо қобили зикр аст, ки рӯзномаи “Telegraph”-и Британия осорхонаи Нуқусро маскани асарҳои нодир ва ғайриоддӣ арзёбӣ кардааст. Боздид аз онро барои сайёҳони Британия ва мамолики дигари ғарбӣ низ хеле манфиатбахш донистааст. Ба навиштаи ин рӯзнома осорхонаи мазкур дар замони шӯравӣ дар яке аз шаҳрҳои минтақаи шимоли Ӯзбекистон бунёд ёфтааст ва “мисли гавҳарест, ки дар қаъри дарё ниҳон мебошад”.
Осорхонаи давлатии санъати Нуқус дорои 10 ҳазору 500 адад китоб низ мебошад. Китобхона дар ошёнаи якуми бино воқеъ гардидааст. Ба гуфтаи дастандаркорони осорхона соли 2019 аз ашёи осорхонаи мазкур 139 ҳазору 279 нафар муштарӣ боздид кардаанд. Аз ин шумор 14 ҳазору 737 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил додаанд.
Аммо як сол муқаддам ба далели пахши пандемия ин теъдод ба 18 ҳазору 539 нафар пойин рафтааст, ки танҳо 383 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил намудаанд. Хушбахтона, дар ду моҳи охир теъдоди муштариён беш аз пеш афзоиш ёфтааст. Интизор меравад, ки теъдоди тамошогарони ашёи Осорхонаи давлатии санъати Нуқус нисбат ба ду соли пеш ба карат хоҳад афзуд.

  1. ШИЛПИҚҚАЛЪА – МЕРОСИ ДАВРАИ ЗАРДУШТИЁН

Сафари матбуотии гурӯҳи мо дар самти ноҳияи Амударёи Қароқалпоқистон идома пайдо кард. Мо аз тариқи роҳи Нуқус – Берунӣ ба самте ҳаракат мекардем, ки аз як қалъаи бостониву қадим дидан кунем. Ронанда гуфт, ки масофаи байни Нуқус ва Шилпиққалъа 43 километрро ташкил мекунад.
Баъди он ки тақрибан чиҳил километр масофаро тай кардем, роҳбалади мо ба номи Илҳомҷон гуфт, ки ҳама аз тирезаҳои автобус ба самти рости дашти васеъ назар афканем.
Тақрибан дар якуним километрии он баландие ба чашм намуд, ки шакли давраро мемонд. Дар назди ду хайма аз автобус фаромадем. Дар ин фасл ҳанӯз он беодам буд. Аммо чанд мошин он ҷо қарор доштанд, ки ҳувайдо буд саворонаш аллакай ба Шилпиққалъа баромадаанд.
Барои он ки ҳар як сайёҳ худро то болои қалъа расонад, бояд зинаҳои дурударозеро тай кунад. Мо низ пасу пеш қатор шудем ва аз ин зинаҳо ба боло ҳаракат кардем. Маълум шуд, ки зинаҳои симинтиро то наздикии ин қалъа сохтаанд ва акнун мебоист мо ба қалъа ба воситаи роҳраве бароем, ки онро мисли ҷӯй кандаанд. Бо вуҷуди ин, аъзои гурӯҳи мо яке оҳиставу дигаре чолокона худро ба болои ин қалъа расониданд.
Аз охири зинаҳо ин қалъа тақрибан дар баландии 15 метр воқеъ буд. Нисбат ба ҳамворӣ баландии он ҳудудан 40-45 метрро ташкил медод. Ин қалъаро 2200 сол муқаддам, дар давраи Зардуштиҳо сохтаанд. Майдони қалъаи Шилпиқ ҳамвор набуд ва аз пастиву баландиҳо ташкил меёфт. Диаметри он 65 метрро ташкил мекард. Ҳатто дар мобайни он ҳанӯз сангҳои хурду калони барҷомондаи кӯҳпояро дидан мумкин буд, ки интизор мерафт, ин қалъаро махсус дар атрофи ҳамон кӯҳпоя сохтаанд.

Ин иншоот аз ёдгориҳои бостоншиносии асрҳои якуми то милод ва асри якуми милодӣ тавсиф мегардид. Он Даҳмӣ Чилпиқ ё Шилпиққалъа ном бурда мешуд. Ин қалъаи ҳалқамонанд бом надошт. Дар як самти ин қалъа дарёи Омӯ равон буд. Аз болои қалъаманора ба поён нигоҳ кунӣ, дар се тарафи он дашти васеъро мебинӣ. Танҳо дар як самти он рӯди Омӯ якзайл ҷорӣ буд. Ба воситаи як роҳрави танг кас метавонист аз болои қалъа худро ба поён расонад.
Гуфта мешавад, ки аз болои манора тахтачаҳои гилин ва боқимондаи устухонҳои мурдаҳоро пайдо кардаанд. Ин бозёфтҳо дар ҳамин ҳол дар осорхонаҳои Нуқус ва Тошканд маҳфуз будаанд. Баробари ба Осиёи Миёна юриш намудани арабҳо, ки дар асри VII сурат гирифтааст, манора ё қалъаро бозсозӣ кардаанд. Дар замони гул-гулшукуфии давлати Хоразмшоҳиён (асрҳои IX-XI) он куллан тармим гардидааст.
Ба ақидаи пажӯҳишгарон хоразмиҳо аз ин қалъа барои расонидани хабар то ба қалъаҳои дигар, ҳамчунин ба сифати манораи муҳофизаткунанда аз душманон истифода кардаанд.
Ин қалъа дар рамзи давлатии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ифода ёфтааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси 
“Овози тоҷик”.
ТОШКАНД – ТАХИАТОШ – НУҚУС – ТОШКАНД.

 

Baholang!

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

O'rtacha baholar 4.2 / 5. Baholaganlar soni: 37

OAV nomi va parolini kiriting!