«Олтин қалам – 2021» танловига

2021-04-15T14:04:24+05:0015 Aprel, 2021|Матбуот|

 

Ҷашни Истиқолол дар оила

АЗОБАТОН РОҲАТ ШАВАД…

Саида Насриеваи 84-сола 29-солагии Истиқлоли ватанро бо аҳли оилааш дар атрофи дастархони пурфайз ҷашн гирифт. Баробари ба атрофи дастархон ҷамъ омадани писару келин, набераву наберакелин ва абераҳояш пиразан даст ба дуо кушода, шукри истиқлол намуд ва илова кард:

– Азобатон роҳат шавад,

Меҳнататон давлат шавад,

Хока гиретон зар шавад,

Дӯстатон тоҷи сар шавад…

Илоҳо, ба беморон шифо диҳад,

Ба ранҷурон даво диҳад.

Нигоҳ дорӣ дар паноҳ,

Бандагонатро Оллоҳ!…

Саидабибӣ дурудароз дуо хонд. Аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд.

Дар вақти сӯҳбат айёми ҷавонии худро ба ҷигарбандонаш нақл намуд.

ҲУНАРМАНДӢ

– Бачем, ҳар бадӣ як некие дорад. Сабр меваи ширин медиҳад. Ҳар дардро давое ҳаст. Ноумед намешавем. Шукргузор бошем, ҳаммаш хуб мешавад. Мустақилӣ шуду барои ҳунармандон дару дарвозаи имкониятҳо боз гашт.

Нонвоӣ бароямон касби меросӣ аст. Рӯзҳои вазнинро аз сар гузаронидем.  Модарам нонҳои осиёгӣ мепухтанд. Ҳар боре, ки нон пазанд, ба ҳамсоя тақсим мекарданд. Нонҳо як бурдагӣ ба ҳар яки мо тақсим мешуд. Баъдтар ман ҳам дар хонаи шавҳарам нонпазӣ мекардам. Нонро убол намекардам. Дар сари дастархон одати модари раҳматиамро такрор намуда, як бурдагӣ назди ҳар кас мегузоштам…

Лекин пештар барои ҳунармандон имконият набуд. Касе ҳақ надошт, ки маҳсули дастонашро ба бозор барорад ё ба касе пешкаш кунад. Ӯро дошта, маҳсулоташро мусодира мекарданд, худашро ҳабс менамуданд. Ман ҳам дар танӯр нон пухта, аз паси он рӯз мегузаронидем. Фарзандонам нонҳоро фурӯхта меомаданд. Борҳо бо дасти холӣ баргаштаанд…

Ҳоло дилам гум мезанад. Аммо асорати пирӣ, дастонам меларзанду пойҳоям дард мекунанд, чашмҳо хираю гӯшҳо вазнин шудаанд. Ба ҷавонҳо ҳавасам меояд. Ин хел имкониятҳоро мо орзу менамудем…

«ПИСАРАМ КАНӢ?»

Саидаона сухан мегуфту ҳар замон ба писараш, ки бо табассум ба суханони модараш гӯш мекард, менигарист. Ба пеши писараш гоҳ нон мемонду гоҳо мева мегузошт. Касе дарвозаро кӯфт. Мард берун баромад. Саидахола хавотиромез сӯйи дарвоза нигарист.

– Писарам канӣ? Омад-мӣ?

– Хайр онамулло, муллоамакам бачаи хурдсол не. – гуфт наберакелин. -Хавотир накашед, бо ҷӯраашон сӯҳбат мекунанд…

Ин сухани наберакелин ба дили Саидаона сахт расид, ки ба ӯ бо нафрат нигоҳ карда монд.

– Онакалон, бобома ресмон кати бандаммӣ? – соддалавҳона гуфт аберааш. – Ман мошинчема бастам, кашола кунам, пешамба мибиёд.

Аз ин сухани бача ҳама бо завқ хандиданд.

– Эҳ, дили модарро Худо чунин офарида будааст-дия, бачем. – оҳи бадард кашид Саидаона ва солҳои гузаштаро пеши назар овард.

Набераи калониаш қадрас шуду ба қавле ба пӯстини Саидаона кайк даромад. Мехост набераашро бо ҷиҳозу либоси беҳтарин, тӯйи бодабдаба ба шавҳар диҳад. Бо ин мақсад аз писараш хоҳиш намуд, ки ба Русия рафта, пул кор кунад, духтараш қадрас шудааст. Ба суханони занҳои кӯча бовар карда, писарашро ба сафар гусел намуд. Пас аз чанд рӯз писараш занг зада гуфт, ки ба кор даромадааст. Аммо дигар на занг заду на аз писараш хабаре шунид. Ҳеҷ кас дар куҷо бо кӣ будани писарашро намедонистанд…

Писараш бо шарти баргардонидани фоизнок барои чипта қарз гирифта буд. Одамон қарзашонро пурсида меомаданд. Келинаш маҷбур шуд фарзанди ширхораашро ба духтараки наврасаш монда, ба бозор барояд. Аз саҳар то поси шаб меҳнат карда, дасту пояҳояш варамидаву обила мегаштанд. Бо вуҷуди ин, меҳнат мекард. Бо азобе қарзҳоро баргардониданд.

Тӯйи арӯсии духтар бе иштироки падар гузашт. Духтарак соҳиби ду нафар фарзанд шуд. Аммо аз падараш дарак набуд.

Ҷойи напурсидааш, башоратгари нарафтааш намонд. Ҳар кадоме ҳар хел фол мекушоданд. Яке мегуфт, ки пас аз се рӯз меояд, рӯзҳо мегузаштанду намеомад. Дигаре иброз меошт, ки кайҳо руҳаш аз танаш паридааст…

Писар пас аз даҳ соли интизорӣ омад. Лоғару хароб, бо либоси кӯҳнаву дарида, гуруснаву ташна… Модар ба чашмонаш бовар накард, аз ҳуш рафт…

Аз ин рӯ, мехоҳад писараш  ҳамеша дар наздаш бошад.

– Дар пирӣ одам камхоб мешудааст, – мегӯяд Саидаона. – Аввали шаб хобам намебарад. Сонӣ, ким-чи хел хобҳо дида, якбора тарсида мехезам. Аз таги болинам фонарчаро гирифта равшан мекунаму ба ҷойгаҳи писарам нигоҳ мекунам. Мебинам, ки дар ҷояш, ором мешавам.

ШУКР КУНЕМ…

– Маро калонсол гуфта, соҳибмаъракаҳо аз ман барои гузаронидани тӯю маросимҳо маслиҳат мепурсиданд. Мегуфтам, ки ҳурмати меҳмонони омадаро ба ҷо оварда, дастархонро фаровон кунанд. Боқимондаи хӯрокиҳоро ба хешу ҳамсояҳо тақсим намоянд. Худам як-ду рӯз пеш аз тӯй ба хонаи тӯйдор мерафтам. Аз дастам ҳеҷ  кор наояд ҳам, маслиҳатам даркор мешавад-дия.

Акнун тӯйҳо сикаса. Маслиҳати ман ба ҷавонон ин аст, ки сарфакор бошанд, ҳеҷ кас қарздор намешавад ва аз якдигар гиламанд намегардад.

Маросими дафн якрӯза шуду ба дилам ваҳм ҷой гирифт. Хеле гиристам. Чанд қуттӣ чойи хушк гирифта мондаам. Акнун чӣ мешуда бошад? Ба келинҳо гуфтам, ки ҳамонро кор фармоед. Шоир гуфтааст:

Эй хоҷа, чаро аз ин ҷаҳон бехабарӣ,

Рӯзону шабон дар талаби симу зарӣ.

Сармояи ту аз ин ҷаҳон як кафан аст,

Он ҳам ба гумон аст, ки барӣ ё набарӣ.

Ҳоло ҳамон чойро менӯшем. Акнун ҳама фаҳмидем, ки аз ношукрӣ ба сари кас душворӣ меомадааст. Шукр намоед, ба суханони ҳукуматдорон амал кунем, ин дарду бало нест мешавад. Ӯ боз даст ба дуо бардошта, дуру дароз, қофия ба қофия дуо кард:

– Азобатон роҳат шавад,

Меҳнататон давлат шавад…

 Дилрабо НАСИМӢ

(«Гулобод тонги» газетаси, 2020 йил 28-август № 32)

—————————————————————————————————————————————————————————————————

БОНУЕ ДАР САҲНАИ СИЁСАТ

МУАРРИФИИ МУСОҲИБ:

Дилфуза Эркиновна Азизова фаъолияти меҳнатии худро соли 2001 аз роҳбалади наврасон (вожатий)  дар мактаби рақами 1-и ноҳия оғоз кардааст. Солҳои 2006-2010 омӯзгор, 2010-2012 ҷонишини директор доир ва корҳои маънавият ва маърифат, 2012-2016 ҷонишини директор доир ба корҳои илмии мактаб фаъолият пеш бурд. Солҳои 2016-2017  ҳамчун услубшиноси шӯъбаи таълими халқ ва соли 2017 муддате директории мактаби рақами 48-ро бар дӯш дошт. Солҳои 2017-2019 мудири шӯъбаи таълими томактабии ноҳия буд. Аз соли 2019 то 2021 вазифаи ҷонишини аввали сардори Садорати таълими томактабии вилояти Самарқандро бар ӯҳда гирифт. Ҳоло ҷонишини ҳокими ноҳия доир ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, ривоҷи иҷтимоӣ ва корҳои маънавиву маърифатӣ аст. Чанде пеш бо нишони сарисинагии “Аълочии корҳои маънавиву маърифатӣ” тақдир гардид.

 

Бо ҷонишини ҳокими ноҳия доир ба масъалаҳои ҷавонон Дилфуза Азизова дар тамос шуда, вохӯриро баъди соати 18.00 муайян намудем. Вақте ки пардаи шом атрофро фаро мегирифту коргарон сӯи хонаҳояшон мешитофтанд, Дилфуза Эркиновна дар ҳуҷраи корӣ машғули кор буд.

– Дилфуза Эркиновна, аввало шуморо бо мукофот ва иди нахустини баҳор табрик менамоем. Мебинем, ки шумо тамоми рӯз саросари ноҳия гашта, муаммои ҷавононро меомӯзед. Аз ҷараёни дарс дар мактабҳо шинос мешавед. Баробари ин бонуи хонадон ҳастед. Магар ҳамаи ин масъулият бар дӯшатон гаронӣ намекунад?

– Ташаккур. Ба фикри ман, агар хоҳиш бошад, инсон ба ҳама кор вақт меёбад. Барои ин пеш аз ҳама дастгирии аҳли оила, тифоқиву якдигарфаҳмии ҷамоаи корӣ лозим аст. Он гоҳ кас ба муваффақият ноил мегардад. Ҳарчанд ба қарибӣ дар ин соҳа фаъолият  оғоз намудам, вале он бароям бегона нест. Бо нони муаллимӣ ба воя расидаму худ низ омӯзгор ҳастам. Аз бурду бохти соҳаи таълиму тарбия бохабарам. Хуб медонам, ки кадом роҳбари мактаб чӣ андоза кор мебарад. Ҳар як роҳбарзан пеш аз ҳама модар аст. Тарбияи фарзандон бар дӯши ӯст. Шукр, модари ду нафар фарзандам. Ҳарду чемпиони Ӯзбекистон аз рӯи намудҳои варзиш ҳастанд. Писари калониам Достон соҳиби сертификат гардид ва аз имкониятҳои барои ҷавонон додашуда истифода намуда, донишҷӯи курси аввали факултаи таърихи ДДС гашт. Далер бошад, дар синфи даҳум мехонад. Ҳарчанд пас аз соати 22-и шаб ба хона меравам, аввал аз хонишу зиндагии фарзандонам пурсон мешавам. На бо сахтгириву зиштӣ, балки бо меҳрубониву ҳазл. Аз сири дилашон бохабар мешавам. Хонишашонро назорат мекунам. Ҳарчанд дар як шабонурӯз на беш аз панҷ соат истироҳат мекунам, вале ба ҳамаи корҳои рӯзгор вақт меёбам. Баъзан хаёл мекунам, ки кош як шабонарӯз аз 26 соат иборат мешуду нақшаҳоямро зудтар амалӣ намоям.

– Магар барои иҷрои супориши ҳукумат фурсати муайяншуда камӣ мекунад?

– Не, баракс. Мекӯшам супоришотро пеш аз муддат ба иҷро расонам. Дар ноҳия 5424 нафар ҷавони муаммодор ҳаст. Бояд муаммои онҳо то моҳи октябр ҳалли худро ёбад. Муамморо дар давоми ду моҳ ҳал карданием. Зеро барои ҳалли он ба 19 нафар мутасаддӣ мактуб фиристодем. Дар коллеҷи касбиву ҳунарии Равонаку техникуми биоагротехнологии назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки дар шаҳраки Гулобод ҷой дорад, курсҳои кӯтоҳмуддат фаъолият дорад. Ҷавонон дар он асрори ҳунар омӯхта, фаъолият оғоз менамоянд. Инчунин, аз ҷониби бонкҳо барои ба роҳ мондани фаъолияти тадбиркорӣ кредити боимтиёз дода мешавад. Умед аст, ки ҷавонон бо тадбиркориву ҳунармандӣ дар ҷамъият мавқеи худро меёбанд.

–  Барои дар оянда роҳи ҳаётро дарёфтани хатмкунандагони мактабҳо омӯзгор низ мавқеи муҳим дорад…

– Дуруст гуфтед. Соли 2006 дар мактаби рақами 1 роҳбари хонандагони синфи болоӣ шудам. Як хонанда дар дарсҳо иштирок намекарду касе эътибор намедод. Маълум гардид, ки падару модари ӯ дар кишвари хориҷ ҳастанд. Шояд аз ҳамин сабаб, вай ба дарсҳо шавқманд нест. Панду насиҳати муаллимон низ фоидае набахшидааст. Ман бо ӯ сӯҳбат намуда, ба мактаб овардам. Дидам, ки ба варзиш завқи баланд дорад. Рухсат додам, то вақташро бештар дар спортзал гузаронад. Бо сухани хубу меҳрубонӣ ӯро ба дарсҳо ҷалб намудам. Дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, ғолиб гардид. Ба ҳаёт дилгарм  шуд. Дар иҷрои ҳар кор аз ман маслиҳат мепурсид. Ҳоло ӯ баробари фарзандонам маро «бийӣ» мегӯяд. Ҳангоми таҳлили дарс дар мактабҳо мушоҳида намудем, ки ҷараёни дарсдиҳии аксар омӯзгорон мувофиқи талаботи замон нест. Дуруст, муаллимони пешина бо як дона бӯр ба синф даромада, дарс мегузаштанд ва шогирдони ифтихормандро тарбия намудаанд. Вале ҳоло даври тараққиёт аст. Омӯзгор бояд дарсро бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ба тарзи ноанъанавӣ гузарад. Он гоҳ мавзӯъ дар хотири хонанда нақш мебандад ва ба омӯзиши фан шавқманд мегардад. Боз воқеаҳои давраи фаъолияти омӯзгориам ба ёд омад. Ҳамчун роҳбари синф иштироки шогирдонро дар дарсҳои дигар низ назорат мекардам. Ба хонандагон мефармудам, ки ба мавзӯи нав тайёр шуда оянд ва ба омӯзгорони фан савол диҳанд. Онҳо ҳамин тавр ҳам мекаранд. Дар натиҷа, муаллимон ба синф бо тайёрии пухта ҳозир мешуданд. Дарс ҳам табъи дили шогирдон мегузашт.

– Бо омӯзгорони ҷавон чӣ тадбирҳо андешида мешавад?

– Барои шавқовару хотирмон гузаштани дарс мавқеи услубшиносони фан муҳим аст. Онҳо бо омӯзгорон семинару машғулоти амалӣ ташкил менамоянд. Таҷрибаивазкунӣ натиҷаи хуб медиҳад.  Сад афсӯс, ки мактабҳои рақамҳои 5, 38, 25 ва 55 дар гурӯҳи сурх қарор дорад. Яъне, соли гузашта ягон шогирди онҳо ба мактаби олӣ дохил нашудааст. Аз ин рӯ, муамморо меомӯзем. Дарсҳоро таҳлил намуда, бо падару модарон вомехӯрем. Боварӣ дорам, ки натиҷаи дилхоҳ ба даст меорем.

– Дар оянда баҳри беҳбудии кор чӣ нақшаҳо доред?

– Бо ташаббуси ҳокими ноҳия дар мактабҳо дарсҳои маҳоратро ба роҳ монданием. Масалан, ҳоким ва ҷонишинони ҳоким аз рӯи ихтисоси худ таҳти рукни «Савол диҳед, ҷавоб мегӯем» бо хонандагон вомехӯранд. Хонандагон ба онҳо саволҳои аз иқтисод, варзиш, маънавият ва ғайра савол медиҳанд. Роҳбарон ба саволҳо ҷавоб мегӯянд. Боварӣ дорем, ки ин гуна вохӯриҳо дар хотири хонандагон дер гоҳ нақш мебандад.

Дилфуза Азизова бо ғайрати нерӯи тоза ва эътимоди ба худ хос дар бораи нақшаҳои оянда ҳарф мезад. Вай дар ҳама соҳа ба муваффақият ноил гардидааст. Дилфуза Азизова папкаи ғафсеро аз ҷевон гирифт. Дар он мақолаҳои услубии дар рӯзномаҳо чопшуда, ифтихорномаву сертификатҳо ҷой дошт. Дар ҳамаи сертификатҳо ӯ ҷоизадори ҷои намоён аст…

Вақте аз қабули ҷонишини ҳоким берун омадем, ҳаракати нақлиёт кайҳо қатъ гардида, шамолаки серуни оғози баҳор мевазид. Дар назди ҳокимият ронандагони мошинҳои хидматӣ ҳамон интизори роҳбарони худ буданд. Дар қатори он сабукравҳо мошини хидматии Дилфуза Азизова низ қарор дошт…

Дилрабо НАСИМӢ

(«Гулобод тонги» газетаси, 2021 йил 5-март № 9)

 

—————————————————————————————————————————————————————————————————

«ИШКАМИ СЕР ЧӢ ПАРВОИ ИШКАМИ ГУШНА ДОРАД?!»

 ё худ назаре ба зимистонгузаронии деҳотиён

– Раис, газбалон кай меояд? Охир ду моҳ шуд. Дар ҳар 45 рӯз баллон иваз мекунем гуфта буданд…

– Аҳволи свет кай беҳ мешавад?…

– Ангиштсангро аз куҷо гирем…

Шояд соате набошад, ки дар ҳокимияти ноҳия, Қабулхонаи халқ, идораи маҳалла бо ин ва дигар саволҳои дандоншикан муроҷиат накунанд.

Бале, аз поён рафтани ҳарорати ҳаво ҳанӯз дар моҳи ноябр муаммои зимистони қаҳратун пеш омад. Мардум, ки ҳоло ба зимистонгузаронӣ тайёр набуданд, бо муаммоҳои сахт рӯ ба рӯ омаданд. Охир, инсон як бор ба дунё меояд. Бояд инсонвор зиндагӣ кунад. Дар асри илму техникаи ХХI Аз набудани барқу гази табииӣ нолидани мардум доғи вазнин аст. Вале ҳалли ин муаммоҳо низ вақт мехоҳад.

Чӣ тавре, ки раиси шӯъбаи ноҳиявии «Ҳудудгазтаъминот» Наврӯз Ҳанифов иттилоъ дод, муаммои газрасонӣ аз моҳи нав бо тартиб ва низоми нав сар мешавад. Зеро аз сабаби карантини коронавирусӣ аксарияти коргоҳҳои бонуфузи истеҳсоли газ кор накарда монд. Аз ин рӯ, як-ду дастгоҳ барои пур кардани баллонҳои газ камӣ кард. Мо дар ин масъала ба идораҳои марказӣ муроҷиат намудем. Насиб бошад, ба муваффақият ноил хоҳем шуд.

Аммо барои мардум як чизро гуфтанро лозим медонам. Гази пропание, ки дар баллонҳо бо нархи арзон то дар дами дарвозаатон меравад, он барои истифодаи сабукраву мошинҳои боркаш нест! Барои печҳои украинӣ, ки харҷи зиёди газро мехоҳад, кор фармудан нашояд. Газҳои баллониро барои пухтани хӯрок, гарм кардани даҳлез ба воситаи печҳои хурд мувофиқ аст. Охир, як баллон газро печҳои гармидиҳандаи қудратнок дар ду-се рӯз тамом карданашон мумкин. Ҳоло мо иқтидори онро надорем, ки ҳар ҳафта як баллонӣ барои ҳар як хонавода газ дода тавонем.

Сарвари идораи барқрасонии «Зарафшон»-и ноҳия Шероз Саломов гуфт, ки аз сабаби якбора хунук шудани обу ҳаво мардум, ки аксар гази табиӣ надоранд, тамоми истифодаи гармидиҳӣ ва хӯрокпазиро ба зиммаи барқ вогузоштаанд. Ҳоло, ки тайёрии кормандони идораи мо барои зимистонгузаронии мардуми ноҳия давом дошт, хунуки ногаҳонӣ моро низ ба саросема гузошт. Ба ҳар ҳол, барои расонидани барқи доимӣ ба аҳолӣ аз ҳокими ноҳия Носирҷон Мавлонов низ тавсия ва танбеҳ гирифтаем. Имрӯзҳо таъмири подстансия ва хатҳои барқ давом дорад. Дар ҷойҳое, ки аҳолӣ сарҷамъона зиндагӣ мекунанд, барқ ҳатто ба 200Вт намерасад. Бо ин свети паст на хона гарм мешаваду на таги дег метасфад.

Воқеан, рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар ташкилоти таълими томактабии рақами 4 воқеъ дар маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валӣ таҳти роҳбарии ҳокими ноҳия қабули сайёр ба амал омад, ки айнан ана ҳамин гуна масъалаҳои доғи рӯз ба забон гирифта шуд. Таъкид гардид, ки баллонҳои газ дар се моҳ расонида мешавад. Инчунин, симчӯбҳо кӯҳна шудаанду ба шамолу барфу борон тоб оварда наметавонанд. Роҳҳо ҳангоми боришот пуробу лой мешаванд.

Ҳокими ноҳия ба мутасадиён супориш дод, ки дар муддати муайян муаммоҳоро ҳал намоянд.

Шукр, ки халқи шукргузор дорем. Ҳанӯз аз чиллаи тобистон дар деҳот барои зимистонгузаронӣ тайёрӣ мебинанд. Аз поруи чорво ва коҳу хошоки зиёдатӣ, аррамайдаҳо таппак сохта, қатори ҳезумҳо захира мекунанд. Бо чашми худ дидаем, ки аз обу хокаи ангиштсангҳо бо қолиби хишт сӯзишворие ба ном брикети маҳаллӣ ихтироъ намуда, дар печҳои худ истифода мебаранд. Дар хонаҳои мардум ҳанӯз сандалиҳои бобоӣ қарор дорад. Лахчаҳои ҳезуми дарахти туту меваҷоти дигар ба пойҳои сардгаштаву нимаҷон гӯиё нерӯи тоза мебахшад. Аммо истифодаи нодуруст ва беназоратии он ба ҳолатҳои бад низ расониданаш мумкин. Чӣ тавре, ки сардори шӯъбаи ноҳиявии идораи сӯхторнишонӣ ва вазъияти фавқулодда Ҷасур Раҳмонов гуфт, фоизи зиёди сӯхтор ва ғуборгирӣ маҳз дар фасли зимистон аз истифодаи беэҳтиёткоронаи печҳои «буржуйка», сандалӣ ва ғайра сурат мегирад. Агар ба мардуми оддӣ ҳангоми ташвиқот гап занем, баръакс, ба худи мо дуди дили худро бароварданӣ шуда, ишками сер чӣ парвои ишками гушна дорад, мегӯянд. Дуруст аст, ки мо барои ҳар амаламон: пешгирӣ ва пахши сӯхтор барин ҳолатҳои нохуш маош мегирем, оилаҳои худро таъмин мекунем, вале чунин ҳолатҳо агар такрор наёбад, обрӯи мо ҳам ҳаст. Зеро ба набудани газ ё паст гардидани қувваи барқ мо гунаҳкор нестем. Эҳтиёт – нисфи ҳаёт гуфтаанд. Хуб мебуд, ки дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва оғози баҳорон ба қоидаҳои бехатарии муҳити солими зист эътиборнок бошем.

Барҳақ, аламу ҳасрат ва бӯҳроне, ки ба сари оилаҳо пандемияи коронавирус ва карантини дарозмуддати он овард, ҳоло хотима ёфт гуфта наметавонем. Агар он вабо бошад, аз ҳама вабои бадтарин ин беэҳтиётӣ ва бетарафиву башарафии мост. Аз ин лиҳоз, бо кинаҷӯӣ аз роҳбарони соҳа, ҳақорату дашномҳо кор пеш намеравад. Ба қавле ҳавои бад нағз мешаваду кинаи одами бад мемонад. Биёед, сарҷамъона барои беҳбудии рӯзгори ҳамдигар кӯмак кунем, то:

пиронсоле дар роҳ намонад…

кӯдаке дар гаҳвора ғашён набардорад…

ногирое аз маъюбии хеш хиҷолат накашад…

бепарасторе ятимии худро ҳис накунад…

толибилме аз хондан намонад…

бепулу бенавое ба бому дари ҳамсояи сарватманди худ бо чашми гирён, шиками гурусна назар наафканад…

он гоҳ:

аз мусулмонии мо нишоне намемонад,

аз шарафи одамиамон ба ворисони хеш меросе намегузарад…

коре мешавад басо уболу носавоб…

Шумо ба ин чӣ мегӯед, хонандагони азиз?!

Н.КАРИМОВ

Д.ҒАФФОРДУХТ

(«Гулобод тонги» газетаси, 2020 йил 6-декабрь № 45)

—————————————————————————————————————————————————————————————————

 

ПАНДИ АСИЛ

ё худ гӯшмоле алайҳи ангезаҳои коронавирус

Писарони дорушиноси номӣ Ҳоҷӣ Аслиддин Васлиддинов Азамат ва Акрам низ соҳаи тиббиётро ба худ касб кардаанд. Агарчӣ дар дорухонаву табобатгоҳи хусусии онҳо доруву табибони пуртаҷриба зиёданд, аз ангезаҳои сирояткунандаи вируси тоҷдор ҷои тарсиданӣ доранд. Эҳтиётро ними ҳаёт не, балки шарти ҳаёт мепиндоранд. Аз ин рӯ, падар ва модаронашон Ҳоҷӣ Аслиддинбобою Ҳоҷия Шоҳистахонбибиро бепарво нагузоштанд. Инак, зиёда аз ҳафт моҳ боз бобою бибӣ дар карантини хонагӣ ҳастанд. Фарзандони асил барои волидайн тамоми шароити зистро ҳозир намуда, хонаи эшонро бо воситаҳои техникии замонавӣ, аз ҷумлаи телевизору интернет ва телефон ҷиҳозониданд. Онҳо бо ин воситаҳо бо хешу ақрабо ва пайвандони дигар доимӣ дар тамос буданд. Вале хумори дидор боз дигар будааст…

Ҳоҷӣ Аслиддинамакро пас аз андаке сабуктар гардидани ҳолатҳои коронавирусӣ дар ҷашни зодрӯзи додарашон даъват намуданд. Ӯ бо сад хаёлу андеша сӯи базмгоҳ қадам мепартофт. Ба ҳамсараш гуфт:

– Онеш, ман зуд бармегардам, агар ҳамроҳ мешудӣ, хубтар мебуд.

– Бобош, шумо аз номи ман ҳам соҳибҷашнро табрик намоед. Ман андаке нотобтар ҳастам. Бигзор ба назди набераҳо бо як даста вирус наоям. Охир ин дард ба каси камқувват зуд мегузарад, мегӯянд.

Ҳамин тавр, Аслиддинамак ба базмгоҳ бо ниқоби тиббӣ расид. Агарчӣ меҳмонон аз бист нафар беш набуданд, талаб намуд, ки то вақти хӯрокхӯрӣ ниқобашонро аз рӯй нагиранд ва дастонашонро бо мояи антисептикӣ шӯянд.

– Ҳамин акем ҳам аҷоиб-дия, – хандон мегуфт додаракаш Фахриддин, – ба ин кас монад, никобро аз рӯй накашида, хӯрок хӯретон, мегӯянд…

Ин сухани додарро Аслиддинамак хуб фаҳмид, вале чизе нагуфт.

Раиси давра навбати аввали ифтитоҳиро ҳамчун пири хонадон ба Аслиддинамак дод. Ӯ суханро аз номи Худованд оғоз бахшиду ба ҳамагон бори дигар салом расонид.

– Додару хоҳарони ширинам, хешовандони азизам, аз ҳар яки шумоён бӯи падар ва модарам меояд. Чӣ гуна аз шумо дур шудан мумкин? Аммо ин вабое, ки ҳоло замину замонро фаро гирифт, ба сари бандагони худованд балоҳо ва ҷудоиҳои зиёдеро овард. Шукри будани додарамон, ки бо баҳонаи зодрӯзаш рухсори шумоёнро мебинам. Вале агар ин беморӣ намешуд. Ин ҷо боз қариб даҳ нафар наздиконамон меомаданд. Афсӯс. Онҳо дигар бо мо нестанд. Ҳамин балои азим – коронавирус буд, ки моро аз онҳо абадан ҷудо кард. Акнун шояд хуб фаҳмида бошед, ки ман чаро худ ва баробари худ шумоёнро эҳтиёт кардан мехоҳам. Магар аз фавти ногаҳонии инсон ва паҳн кардани дарди сирояткунанда бадтарин ҳолат ҳаст? Боз мегӯям, азизонам, баробари дидани шумо дилам гум мезанад ва бӯсидан, ба оғӯш кашиданам меояд. Аммо ангезаҳои ин дард маро имкон намедиҳад. Аз шумо ҳам илтимос ин аст, ки ба қоидаҳои санитарӣ риоя кунед. Гумон мабаред, ки бо ниқоб шуморо атрофиён намешиносанд. Чашм беҳтарин узв аст, ки баробари дидан инсони наздикашро мешиносад.

Аз тарафи дигар, ҳар як кор хислате дорад. Ҳамин карантини коронавирус сабаб шуд, ки баъзе оилаҳои ҷавон бо зану фарзанди худ гӯё аз наздик шинос шуданд. Шикасту рехти ҳавлӣ, буру дӯзи зиндагиашонро дуруст намуданд. Ҳамин карантин буд, ки аз хондану тарбияти фарзандон огоҳ шудем. Умуман, карантин муҳаббатамонро ба наздиконамон, ки кайҳо боз надида будем, зиёд кард. Аниқтараш, қадри ҳамдигарро медонистагӣ шудем. Ман ҳоло укои қадрдон ва қадршиносамро бо мавлудаш табрик карда, аз Худованди мутаол дур кардани ҷамъи балоҳоро мепурсам.

Аслиддинамак суханашро ба поён расониду ҳама даст ба киса бурда, ниқоб меҷустанд. Онҳое, ки навакак ба сӯи Аслиддинамак, ки ҳамаро ба эҳтиёткорӣ даъват мекард, нигоҳи тамасхуромез дошанд. Акнун аз карда пушаймон буданд.

Бале, коронавирус ҷараёнҳои бардавом дорад. Агар ҷараёни аввал ва дуввум гузашта бошад, ҳоло ин вабо аз сари халқи мо дур нагаштааст. Набояд, ки эҳтиёткориро фаромӯш намоем.

Дилрабо НАСИМӢ

(«Гулобод тонги» газетаси, 2020 йил 27-ноябрь № 44)

—————————————————————————————————————————————————————————————————

Маҳалла- Ватан андар Ватан

АЗ КАНОРИ РӮДИ ДАРҒАМ ТО ДАШТИОБОД

Мардуми маҳаллаи Даштиобод (то соли гузашта деҳа номи Даштисӯхтаро дошт) асосан бо деҳқониву боғбонӣ, токпарвариву чорводорӣ машғуланд. Таърихи кишлоқи мазкур ба зиёда аз ҳазорсолаҳо меравад. Номи он аз рӯи манбаъҳо аввал Дашти Суғд буду бо гузашти айём ва табадуллоти забону замон номи Дашти сӯхтаро гирифта буд.

Халқи заҳматписанду меҳнатқарин ва табиатан хоксори ин маҳал аз қадим барои ободии ҷои зисти худ кӯшиши зиёде ба харҷ медоданд. агарчӣ аз шафати маҳалла рӯди пуроби Дарғам ҷорист, бо оби зироативу ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ кори осон набуд. Ҳоло бошад, маҳаллаи Даштиобод оҳиста-оҳиста ба ободии ҳақиқӣ рӯй мениҳад. Инак, як сол боз маҳалларо марди фидоии халқу ватан, собиқадори соҳаи сӯхторнишонӣ, полковники мустаъфӣ Бурҳон Раҳмонов сарварӣ менамояд. Ӯ пештар низ аъзои шӯрои маҳалла буд. Барои ободии он муносибати гарму самимӣ дошт. Медид, ки чӣ гуна сарварони пешини Даштисӯхта муаллими муаллимон Мавлонқул Болтаев, саркори деҳқонон Раббим Истамқулов (Равонашон шод бод!) заҳматҳо мекашиданд. Бо таку дав ва ташаббускории Хӯҷақул Норқулов, Бахтиёр Болтаев, Қиём Қаюмов, Масъуд Вафоев, Мирғиёс Луқмонов Дашти сӯхта ба Дашти обод мубаддал мегардид.

Вақте ки Бурҳон Раҳмоновро раиси маҳалла интихоб намуданд, ӯ ба пеши худ чанд нақшаҳои асосиро гузошт, ки яке аз онҳо дар муддати кӯтоҳ ба охир расонидани сохтмони маркази маҳалла буд. Зеро аҳли хештаншиносону тащаббускорони маҳалла ҳанӯз дар даврони раҳбарии Маъсуд Вафоев собиқ мағозаи “Матлуботсавдо” – “Янгийул”-ро харида, асоси маркази навро гузошта буданд. Бо ҳиммати Мирмақсуд Ҳусейнов, Самандар Баротов, Ҳоҷӣ Ҳомид Толибов ва фарзандони ӯ, Комил Маҷидов, Сӯҳроб Азизов ва дигарон, заҳмати устоҳои пурҳунар Фазлиддин Норқулов, Ӯктам Норқулов, бародарон Шариф ва Шералӣ Ғаниевҳо, Муҳиддин Шамсиев, Тӯра Бақоев, Мелик Шукуров, Ваҳҳоб Асламов, Шаҳобиддин Асламов, Икром Норов, Мақсуд Рофеев ва дигарон сохтмони маркази маҳалла ва саҳни зебои он босифат ба охир расид. Барои бунёди ин бинои зебо ҷонишини раис доир ба масъалаҳои ҷавонон Мирфурқат Маъруфов, ки доимо дар паҳлӯи раиси маҳалла аст, сазовори таҳсин мебошад. Инчунин, дар ҳамин даври худи роҳбарии Бурҳон Раҳмонов масъалаи оби нӯшокӣ ба хубӣ ҳал шуд. Ҳоло даштиободиён барои гузаронидани хатти партов (канализатсия) ва равону зебо намудани кӯчаҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҷонишинҳои раиси маҳалла Зайнаб Бобоқуловаи соҳибтаҷриба ва Райҳона Собироваи кордон муносибати гарми худро аз халқи корафтода дареғ намедоранд. Инчунин, сардори гузару кӯчаҳои Даштиобод Бахтиёр Болтаев, Шокир Меликов, Қиём Қаюмов, Ҷонон Вафоев, Миршароф Луқмонов, Воҳид Асламов, Наҷмӣ Ӯлмасов, Сайфӣ Зоиров, Аббос Ҳамдамов, Солеҳ Эҳсонов, Комил Каримов ва дигарон ҳар пораи хоки ватанро муқаддас дониста, барои ободии он мекӯшанд. Пирони Даштиобод, ки аҳли маъниву маърифатанд, аз ҷумлаи Абдурафиқ Салимов, Умарқул Болтаев, Додарой Ҷӯраева, Ҳазрат Ёқубов, Ҳайдарқул Болтаев, Умедқул Болтаев, Маҳмуд Вафоев, Даврон Истамқулов, Раҷаб Тоҷиев, Насим Тоҷиев, Алишер Умаров, Мусулмонқул Ҷалилов, Соро Асламова, Тоҳир Шарипов, Мурод Тошпӯлодов ва дигарон дасти дуо мебардоранд, ки зодгоҳашон аз ин ҳам ободу зеботар гардад ва сарвари он хаста набошад.

Д.НАСИМӢ

(«Гулобод тонги» газетаси, 2020 йил 17-июль № 26)

 

Baholang!

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

O'rtacha baholar 4.7 / 5. Baholaganlar soni: 113

OAV nomi va parolini kiriting!