«Олтин қалам – 2021» танловига

2021-04-08T18:33:24+05:008 Aprel, 2021|Олтин қалам|

РӮЙИ МУБОРАКИ ҲАЗОРМОҲА

Замоне Ҷӯрақул Имомовро дар вилояти Самарқанд ба хубӣ мешинохтанд. Ӯ ҷавонмарди чашмикордон буду дар соҳаи деҳқониву боғдорӣ ва чорвопарварӣ таҷрибаи хосе дошт. Ҳамин услуби коршиносии ӯ буд, ки ҳанӯз дар ҷавонӣ Ҷӯрақул Имомовро раиси хоҷагии ҷамоатии «Янги усул» таъин намуданд. Дуруст аст, ки хоҷагӣ он қадар бузург набуд. Ҳанӯз мошинҳои боркашу тракторҳо вуҷуд надошт. Аспу хар дар хидмати аробакашҳо буду бо он ҳосил мекашониданд. Дар хирманҷо гапдуму мавиз бод медоданду дар киштзорон ғалла медаравиданд. Чидани меваҳо низ бо дасти корӣ иҷро мешуд. Ва ба ҳамаи инҳо роҳбарӣ намудан кори осон набуд. Охир, аз оғози баҳорон марди деҳқон бо барзаговҳо ҷуфт ронда, замин кишт мекарду донаи уммед мекошт. Бонувони меҳнатқарин низ ҳамроҳи соҳибони сари худ аз айёми ҳамал то танги тирамоҳ дар саҳроҳо буданд. Ҷӯрақулраис бошад, ба ҳар яки онҳо меҳрубон буданро пеши худ мақсад гузошт. Аз ин рӯ, эҳтироме дошт. Дар хонавода низ падари ғамхори фарзандон буд. Агарчӣ ҳамаи фарзандонаш духтар буданд, наменолид. Баракс, барои тарбияву рафтори онҳо ҳамроҳи завҷаи мӯҳтарамааш масъулияти баландро ҳис менамуд. Ба кенҷадухтараш Додар ном ниҳода буд, то ки аз пасаш рӯи писаракеро бинад. Вале Додарбону чун фарзанди охирини падару модари худ ба воя расид. Агарчӣ гулдухтарак буд, ғайрату ҷасорати писарона дошт. Нахуст дар мактаби зодгоҳи худ хонду сипас, маълумоти миёнаро аз мактаби рақами 16 гирифт. Бо вуҷуди он, ки ҳавлии падариаш дар деҳаи Даштисӯхта (ҳоло Даштиобод) калон буду ҳамроҳи модару хоҳаронаш бо кишту кори деҳқонӣ, бахусус обчакорӣ машғул буданд, меҳри ҳунаромӯзӣ ӯро ба курси дӯзандагӣ бурд. Аз устодони соҳа касбу ҳунар омӯхт. Бо роҳхати мактаби ҳунаромӯзӣ дар яке аз коргоҳҳои дӯзандагии шаҳр ба вазифаи дӯзандагӣ ба кор даромад. Коргоҳаш, ки дар шаҳр буд, гулдухтари деҳотӣ ба арӯси шаҳрӣ табдил ёфт. Бо донишҷӯи фаъоли факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (ҳоло ДДС) Мӯҳсин Ӯлмасов оила бунёд намуд. Аз хонадони шавҳараш – гузари Чақари шаҳри Самарқанд то коргоҳи ӯву донишгоҳи шавҳараш гӯиё як қадам буд. Баробари он, ки шавҳараш Мӯҳсин Ӯлмасов донишгоҳро хатм намуд, хатти зиндагии оилаи ҷавон низ дигар шуд. Бо роҳхати Донишгоҳи давлатии Самарқанд Мӯҳсин Ӯлмасов завҷаи худро ҳамроҳ гирифта, дар ноҳияи Кушбишеви Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор рафт. Дар яке аз мактабҳои он ҷо ба кор даромад. Додарой Ҷӯраева низ чун мураббияи кӯдакистон фаъолият сар кард. Дар мусофират соҳиби нони ҳалолу номи баланд гардидан осон набуд. Боз баробари кор тавлиди фарзандон заҳмати модари ҷавонро зиёдтар мекард. Бо вуҷуди он ӯ бо фаъолӣ ва ташаббускории худ миёни мардуми Тоҷикистон обрӯву эътибор пайдо кард. Он ҷо чун инструктори шӯъбаи маорифи халқ, мудири шӯъбаи маданияти ноҳия кор кард. Ӯро ба аъзогии ҳизби коммунистӣ, ки он вақт нуфузи боло дошт, пазируфтанд. Сипас, депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия интихоб карданд. Ӯ инчунин, раиси кумитаи зан ва духтарони ноҳия таъин гардид. Ӯро соли 1968 аз байни тамоми бонувони ноҳияи Куйбишев ягона вакили съезди аввалини кормандони маданияти Тоҷикистон интихоб карданд. Гӯиё кору зиндагӣ барои оилаи ҷавон дар мусофират ба як маром идома дошт.

Баҳори соли 1970 падараш Ҷӯрақулраис Имомов ва падаршӯяш қассоби машҳури шаҳр Ӯлмассаллоҳ Раҳимов ҳардуро бо фарзандонашон ба қавле пеш-пеш карда, ба Самарқанд оварданд. Гуфтанд, ки ҳамин қадар даву тозҳоро агар барои пешравии хоҷагии деҳоти Самарқанд иҷро намоӣ, дуои халқро мегирӣ. Ҳамин тавр ҳам шуд. Мӯҳсин Ӯлмасов баробари омӯзгорӣ касби падар — қассобиро идома дод. Ӯро роҳбари кушхонаи назди хоҷагии чорвопарварӣ таъин карданд. Додар Ҷӯраева бошад, барои ташкил намудани аввалин кӯдакистонҳои ноҳия дар назди хоҷагиҳо ва бошишгоҳҳои саҳроӣ ҳаракат намуд. Бо саъю кӯшиши ӯ дар ноҳия 77 кӯдакистони доимӣ ва мавсумӣ бунёд шуд. Акнун деҳқонон низ бо роҳхат ба сиҳатгоҳҳо мерафтагӣ шуданд. Чун аъзои содиқи ҳизб котибони кумитаҳои ибтидоии ҳизби хоҷагиҳоро маҷбур менамуд, ки ба шароити зист ва саломатии аъзоёни хоҷагӣ бефарқ набошанд. Соли 1992 синни Додар Ҷӯраева ба нафақа рост омад. Аммо роҳбарияти ноҳия ӯро тамоман ҷавоб надод. Бо ним ставкаи корӣ фаъолияти ду штатиро иҷро менамуд. Соли 1999 депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия интихоб шуду боз ҳаловаташро гум кард. Бар замми корҳои зиёди ҳизбиву ташкилӣ раисии маҳаллаи Даштисӯхта (ҳоло Даштиобод)-ро ба зиммаи ӯ гузоштанд. Дар ин вазифа ӯ то соли 2007 кор кард. То соли 2011 раиси кумитаи зан ва духтарони деҳшӯрои «Даштаки боло» буд. Ним асри зиндагии худ дар вазифаҳои гуногун, ба нафъи халқ гузашт. Ӯ бо вуҷуди заҳматписандӣ панҷ нафар фарзандони худ Фирӯзаи ҳуқуқшинос, Фурқати тадбиркор, Шаҳнозаи мураббия, Баҳора ва Фикратҷони тадбиркорро касби камол дод.

Ҳоло ӯ бо фарзанду набераву аберагонаш чароғи хонадони падариро фурӯзон медорад.

Ҳар боре, ки ба бемори барҷомондае, пири асобадасте аз рӯи вазифа некие мекард, дуо мешунид:

– Илоҳо, рӯи зиёда аз ҳазор моҳро бубинӣ…

Ҳамон вақт аз ғояти серкорӣ ба фаҳми ин дуо амиқтар фурӯ нарафта буд. «Ташаккур» мегуфту мемонд. Ҳоло дуои халқ иҷобат гашта, Додар Ҷӯраева рӯи зиёда аз ҳазор моҳро мебинад. Синнаш ба 85 солагӣ мерасаду лаҳзаҳои зиндагиаш чун лавҳаҳои синамо аз пеши назараш мегузарад. Шукри рӯзҳои гузашта мекунаду ба ояндаи нек уммед мебандад…

 Дилрабо НАСИМӢ

(«Гулобод тонги» газетаси, 2021 йил 17-февраль № 6)

 

Baholang!

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

O'rtacha baholar 4.8 / 5. Baholaganlar soni: 46

OAV nomi va parolini kiriting!