«Олтин қалам – 2021» танловига

2021-04-06T18:18:13+05:006 Aprel, 2021|Олтин қалам|

ИН КӮЗАГАРОН КӮЗА ЗИ ГИЛ СОХТААНД…

Фестивал дӯстонро баҳам овард

Рӯзҳои фестивали байналмилалии ҳунармандони Қӯқанд растаҳоро давр мезадам ва аз тамошои маҳсули дастони ҳунармандон завқ мебурдам. Бо баъзе аз аҳли ҳунар суҳбат ороставу маълумотҳоро дар дафтарчаи ёддоштҳоям қайд мекардам. Дар ин ҷо ғайр аз ҳунармандони дохилӣ, боз ҳунармандон аз сӣ кишвари олам гирдиҳам омада буданд.
Майдони назди қалъаи Худоёрхон ҳамон рӯзҳо сайлгоҳеро мемонд. Аз субҳ то шом он аз тамошобинони зиёд саршор буд. Онҳо байни растаҳо гаштугузор намуда, ғарқи тамошои маҳсулоти ҳунармандон мешуданд. Ман аз толоре, ки дафтари матбуоти фестивал барои хабарнигорон фароҳам оварда буд, баромадам ва майдонро даврзанон ба растаи кулолгарӣ омадам.
Дарвоқеъ, дурахши зарфҳои гуногуни қатор чидашуда чашми ҳар бинандаро мебурд. Баъзеҳо зарфҳои дилхоҳашонро мехариданд. Дар ин ҷо ҳунармандонамон бо ҳамтоёни хориҷии худ вориди гуфтугӯ мешуданду барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо шартномаҳо имзо мекарданд.
Ин лаҳза суҳбати ду нафар ба гӯшам расид. Онҳо байни худ  тоҷикӣ суҳбат мекарданд. Дар дасти яке аз ин ду нафар бастаи ҳуҷҷатҳо буд. Наздашон рафтам ва баъди салому алайк пурсидам, ки аз куҷо ба ин фестивал омадаанд.
– Биёед, хуш омадед, бародар. Мо аз шаҳри Риштон ҳастем. Номи ман Бахтёр ва ин кас бародарам Алишер Назиров. Ҳарду ҳам ба касби ниёкон – кулолгарӣ машғулем. Ана ин намоишгоҳро, ки пеши рӯ мебинед, маҳсулоти ман ташкил мекунад. Дар поёнтари ин қатор маҳсулоти бародарам ба намоиш гузошта шудаанд,– гуфт Бахтёр Назиров.
Ба гуфтаи Бахтёр Назиров ҳарду дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук кайҳо боз дӯстони маҷозӣ ҳастем. Аз он ки ӯро дарҳол нашинохтам, андак хиҷолат шудам. Ин дам Алишер Назаров ману Бахтёрро танҳо гузошт ва маъзарат хоста аз мо дур шуд.
Ҳарду хеле суҳбат кардем. Ваъда додам, ки рӯзе мустақиман ба Риштон меоям ва ба корхонаи ӯ даромада, ҷараёни корашро бевосита мушоҳида мекунам. Баъди табдили рақамҳои телефони ҳамроҳӣ ба Бахтёр Назиров гуфтам, ки боз ба дидори ҳам мерасем, зеро ин фестивал боз чанд рӯз давом хоҳад кард.

Сафари пур аз
таассурот

Маҳаллае, ки Бахтёр Назиров зиндагӣ мекунад, каме дуртар аз маркази маъмурии ноҳияи Риштон воқеъ гаштааст. Маълум шуд, ки корхонаи кулолгариаш низ дар ҳавлиаш ҷойгир шудааст. Бо роҳбаладии ӯ аз дарвозаи ҳавлӣ дохил шудаму ангушти ҳайрат газидам. Тамоми деворҳои айвон, пешайвони алоҳидаи дароз ва девори чаҳор тарафи ҳавлӣ аз маҳсулоти гуногуни кулолгарӣ “зарфборон” шуда буд.
Як тараф хуми калон меистод, ки ба гуфтаи Бахтёр Назиров дар асри ХIХ сохта шудааст ва сад литр обро гунҷоиш медиҳад. Шафати айвончаи рӯ ба рӯи ҳавлиро, ки ҳоло мардум бештар “беседка” меноманд, хумҳои майда ва кӯзаҳои гуногуни сафолин   зеб медоданд.
Хуллас, аз тамошои ин манзара ҳувайдо мешуд, ки дар ин ҳавлӣ ба ҳунари кулолгарӣ арҷ мегузоранд ва онро бо камоли майл идома медиҳанд.
– Ҳанӯз дувоздаҳ сол доштам. Яке аз кулолони забардасти Риштон усто Эгамбердӣ ману ду-се ҷӯраҳоямро ба ҳавлиашон мехостанд. Ин ҳавлӣ дар як тарафи бозори ҳозираи шаҳрамон воқеъ гашта буд. Он ҷо мо лой лагад карда мепазондем. Ин кор ба мо шавқу завқ мебахшид. Баъди тайёр шудани лой медидем, ки бобои Эгамбердӣ дастгоҳашонро ба кор андохта, зарфҳои гуногун месохтанд. Баъзан мефармуданд, ки ба он кас тақлид карда, сохтани зарфҳоро машқ кунем, – аз давраи наврасӣ ёдовар шуд Бахтёр Назиров.
Ба гуфтаи ӯ он солҳо аксарияти риштониҳо пинҳонӣ дар хонаҳои худ ба сохтани зарфҳои кулолӣ машғул мешуданд. Сонӣ корхонаи кулолгарӣ сохта шуд ва ҳунармандони зиёд барои кор ба он ҷо ҷалб гардиданд. Бо вуҷуди ин, аҳли ҳунар касби ниёкони худро дар хонаҳои худ давом медоданд ва фарзандону наберагони худро бо нозукиҳои ин касб ошно мекарданд.
– Ман мактабро хатм кардам ва ба аскарӣ сафарбар шудам. Баъди бозгашт  ба корхона ба сифати усто ба кор пазируфта шудам. Дар бобати ба ин касб боз бештар руҷӯъ кардан саҳми устоёни намоёни риштонӣ – шодравонҳо Алиҷон Исоқов ва Қодиралӣ Полвонов, ҳамчунин Устои халқии ҷумҳурӣ Иброҳимҷон Комилов, Музаффар Саидов ва Юлдошалӣ Полвонов хеле калон аст,– бо қаноатмандӣ мегӯяд Бахтёр Назиров.
Ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки соли 1997 корхонаи кулолгарии Риштон барҳам хӯрд ва соҳибкорӣ авҷ гирифт. Аксарияти кулолон барои пеш бурдани рӯзгори худ корхонаҳои хусусӣ ташкил карданд. Аъзои хонаводаи Назировҳо низ аз ин дар канор намонданд.

Орзуи амалишуда

– То соли 2012 бо тарзи гуногун машғули кор шудам. Аммо баъд қарор кардам, ки корхонаи хусусии худро ташкил кунаму ба сохтани зарфҳои гуногун ҷиддан шуғл варзам. Ин касб баъзе нозукиҳои худро дорад. Бо бародарам – Алишер ба ҷустуҷӯи ишқори як рустанӣ рафтем. Онро пайдо карда, ба хона овардем ва дар ҳарорати якуним ҳазор дараҷаи гармӣ таро-тар сӯзонида, хокистарашро ҷудо карда гирифтем,– мегӯяд Бахтёр Назиров.
Вай тавзеҳ дод, ки истифодаи хокистари ин ишқори рустанӣ нархи ҳар як зарфро ба чанд карат боло мебарад. Ба гуфтаи ӯ табақ ё зарфе, ки рӯи он ҳамин ишқор давонида шудааст, нархи маҳсулотро боло мебарад.
– Як дона чунин зарфи сафолиро дар ивази 200-300 доллар мефурӯшем. Бо ин миқдор пул метавон бештар аз 300 дона косаву пиёла ё табақчаҳои сафолин харид, ки рӯяшон оддиякак рангубор  ва гулкорӣ шудаанд. Аммо онҳое, ки аз ҳунари кулолгарӣ огоҳанд, медонанд, ки ишқори рустании гуфтаи ман чӣ аст ва барои баланд кардани арзиши зарфҳои сохтаамон чӣ қадар нақши муҳим дорад, – иброз дошт Бахтёр Назиров.
Вай бо таассуф қайд намуд, ки дар ҳоли ҳозир чи дар шаҳри Риштон ва чи берун аз он теъдоди кулолони тасодуфӣ хеле зиёд шудааст. Баъзеҳо худро устоҳои кулолгарӣ эълон кардаанд, аммо дар асл як зарфро дуруст сохтаву бо нақшу нигори саҳеҳ ба дасти муштариён расонида наметавонанд.
Завҷаи ӯ Ризқинисо техникуми политехникиро хатм кардааст. Соли 1983 боҳам издивоҷ намудаанд. Ризқинисо чанд муддат дар лабораторияи корхонаи бофандагии Риштон машғул шуда, ҳоло дар беҳбуди сифати корҳои шавҳараш ба ҳайси коршинос мушовирӣ низ мекунад. Онҳо соҳиби чаҳор фарзанд – се писару як духтар мебошанд. Писари калонӣ Дониёрҷон бо оилааш дар Ҷопон кору зиндагӣ мекунад. Вай донандаи шаш забони дунё будааст. Дониёр дар як озмун ширкат карда, соҳиби грант шудааст. Магистратураро дар донишгоҳи Скуба хатм кардааст. Устодонаш пешниҳод кардаанд, ки Дониёр дар он ҷо фаъолияташро идома диҳад. Вай дувоздаҳ сол боз бо зану фарзандон дар Ҷопон кору зиндагӣ мекунад.
– Ин писарам аз нигоҳи молӣ дар пешрафти корҳои ҳунармандии ман кумаки зиёд кардааст, – мегӯяд бо ифтихор Бахтёр Назиров.
Достонбек дар баробари он ки дар соҳаи туризм кору фаъолият мекунад, дар корҳои ҳунармандии падар ҳамеша ёрӣ мерасонад. Диёрбек пайрави падар шудааст ва бо вай ба ҳунари кулолӣ машғул аст. Ойдиной донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона мебошад.
Хоҳиш кардам, ки дар бораи бародараш Алишер Назиров низ каме маълумот ироа кунад. Бахтёр гуфт:
– Алишер дар синну сол бузургтар аз ман аст. Ӯ намояндаи аввалини сулолаи кулолони хонаводаамон маҳсуб меёбад. Соли 1994 дар Ҷопон низ такмили касб намудааст ва дар назди устои мактаби шаҳри Кутании ин кишвар Исокичи Асакура бештар аз 80 намуди маҳсулоти кулолӣ офаридааст. Дар Ҷопон чандин бор намоишгоҳи кулолӣ ташкил намудааст. Вай дар пешрафти кори ман, ҳамчунин завҷааш – Раъно, хоҳарзодаамон Ҷаҳонгир, кулолони ҷавон Ҳусанбой Исанов, Дадахон Деҳқонов, Мавсус Мамаҷонов, Ҳаёт Раҳимов ва Икром Қамбаров саҳми калон гузоштааст.

“Ҳавлии ҳамсоя”

Як тарафи ҳавлии Бахтёр Назиров махсус иҳота гирифта шудааст ва агар даричаи даро-баро насб намебуд, гумон мекардам, ки он ҳавлии ҳамсоя аст. Дар ин қисми ҳавлӣ чанд утоқ хидмати коргоҳро анҷом медодааст. Дастгоҳи сафолгарӣ, ҷои хушк кардани зарфҳо, кӯраҳои пухтани маҳсулотро дида  дарк кардан мумкин аст, ки то ба дасти муштарӣ расидани як зарфи хурд ё калон чӣ қадар меҳнат ва вақт сарф мешавад.
– Ин намунае аз табақҳост, ки то анҷоми кори он баъзан як ҳафта сипарӣ мешавад. Чунин табақҳо ин ҷо ангуштшуморанд. Меҳмононе, ки аз чандин кишвари хориҷӣ омадаанд, мухлису муштарии ҳамин гуна зарфҳои сафолини хушсохт мебошанд, – гуфт табақеро рӯи даст гирифта ӯ.
Дарҳақиқат, дурахшу ҷилои он шаҳодат медод, ки усто барои сохтани он вақту меҳнати зиёд сарф намудааст.
– Мо баъзе ҷиҳатҳои корамонро ифшо намекунем ва ин сирри ҳамешагии мо, сафолгарони риштонист,– бо табассум арз кард Бахтёр Назиров.
Қарор кардааст, ки дар қисмати дигари ҳавлӣ аз ҳисоби харидани пораи замини ҳамсояаш як хостел ё хобгоҳи муҷаҳҳаз бисозад.
– Дунё пеш меравад, тараққӣ мекунад. Мо низ бояд аз ин раванд ақиб намонем. Ба ин ҳавлӣ аз мамлакатҳои гуногун меҳмонҳо омада мераванд. Онҳо баъзан соатҳо нишаста, кори маро тамошо мекунанд. Баъзан барояшон «мастер-класс» ё машғулияти омӯзишӣ мегузаронам ва лозим меояд, ки онҳо ҳамин ҷо шабро рӯз кунанд. Дар ин давраи пандемия теъдоди чунин меҳмонон  хеле кам шуд, вале боз шароит мусоидат хоҳад кард, ки ин равуоҳо аз сар гирифта шаванд,– гуфт Бахтёр Назиров.

Сафар кардан – ҷаҳон дидан

Вай дар озмуну фестивалҳои зиёди байналмилалӣ ширкат кардааст.
– Рӯзе Муслан Байрамов ном шахс занг зад ва гуфт, ки агар хоста бошам, метавонам дар фестивали байналмилалии ҳунармандони “Олами этнографӣ”-и шаҳраки Петровка (Русия) иштирок кунам. Он вақт беш аз як сол нашуда буд, ки мустақилона корхонаи худро кушода будам. Вақте ки ба ин шаҳр омадам,  аз миёни намояндагони 70 мамлакат ёру дӯстон пайдо кардам. Ҳанӯз бо ҳам мулоқот мекунем ва аз нақшаҳои кории якдигар ҳамдигарро огоҳ месозем,– мегӯяд Бахтёр Назиров.
Вай афзуд, ки оҳиста ҷуғрофияи сафарҳои хориҷиаш фаротар гардид. Баъд се сол пайиҳам дар ин фестивал иштирок кард ва ҷойҳои намоёнро ба даст овард. Дар пайи он ба фестивали шаҳрҳои Маскав, Рязан, Санкт-Петербург, Владимир, Суздал даъват шуд ва маҳсулоташро ба намоиш гузошт, харидорони онро пайдо намуд.
– Дар шаҳри Берлин “Рӯзҳои Ӯзбекистон” баргузор шуд. Дар ин ҷо низ шаъни кишварамро ҳимоя кардам. Баъди он ба Белгия сафар намудам ва он ҷо низ зарфҳои кулолии маро мардуми зиёд тамошо карданду хариданд, – иброз дошт Бахтёр Назиров.
Тавре ки вай тазаккур дод, соли 2015 барои ширкат дар фестивали ҳунарҳои дастӣ ӯро ба Ҷопон даъват карданд. Ин фестивал то пахши пандемия моҳи майи ҳар сол баргузор мегардид ва даҳ рӯз давом мекард. Ҳоло он фестивал бекор шуд. Ба гуфтаи Бахтёр Назиров дар тӯли ҳашт соли фаъолияти кулолгарӣ ба шаҳрҳои Тарази Қазоқистон ва Хуҷанди Тоҷикистон низ борҳо сафар намудаву дар ин шаҳрҳо маҳсулоташро ба намоиш гузоштааст. Байти зерин шояд дар ҳақи ҳамин кулолон гуфта шудааст:
Ин кӯзагарон кӯза зи гил месозанд, Байроқи ҳунар баланд меафрозанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”. 13 октябр 2020

Baholang!

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

O'rtacha baholar 3.5 / 5. Baholaganlar soni: 33

OAV nomi va parolini kiriting!