«Олтин қалам – 2021» танловига

2021-04-05T10:44:29+05:005 Aprel, 2021|Олтин қалам|

ХОНАИ ГАРМ КУҶОСТ?!

ё худ ҳасрати як пиразан

Ҳаво хунук шуду ба қавле ба пӯстинам кайк даромад. Пагоҳиву бегоҳӣ дар сари дастархон ба писару келинам дар ҳамин хусус гап кушодам:

– Як мошин ҳезум чанд сӯм бошад? Ба нафақаи якмоҳаам ҳезум харам беҳтар ё газ? –пурсидам аз онҳо.

– Бийиҷон, наход рӯзи мо ба нафақаи шумо монда бошад?! – ҷаҳл намуд писарам. – Ғам нахӯред, зимистонро дар хонаи гарм мегузаронед.

Онҳо аз пайи кори худ шуданду ман ба сад кӯчаи хаёл даро-баро намудам. Бояд, ки панҷ хонаро дар зимистон гарм кунем. Ба умеди свет шудан хатост. Тез-тез хомӯш мешавад. Бар замми ин хеле паст. Печҳои барқи ҳатто атрофашонро гарм карда наметавонанд. Ба печҳои ошхона, хонаи бачаҳо, хонаи келин, хонаи ман ва меҳмонхона  трубаҳои нав лозим. Ангиштсангу ҳезум даркор.

– Ман ҳамроҳи бачаҳо дар як хона мехобам, – гуфтам баробари аз дар даромадани писарам. – Шумо ҳамроҳи келин дар ошхона хобед. Дар зимистон ду хонаро гарм кунем, ҳезуму ангиштсанг сарфа мешавад.

– Меҳмонҳоро ҳам дар ошхона қабул мекунем? – ҳайрон шуд келин. – Мабодо шабхобрав омада бошанд-чӣ?

– Дар зимистон ҳеҷ кас ба меҳмонӣ намеравад! – қатъӣ гуфтам ман.

Рӯзе наберачаам хабар дод:

– Онаҷон, зудтар чизҳоятонро ҷамъ кунед, ба хонаи гарм мекӯчем.

– Куҷо будаст хонаи гарм? – ҳайрон шуда пурсидам.

– Мо аз бинои бисёрошёна хонаи сеҳуҷрадорро ба иҷора гирифтем, – гуфт хушҳолона келин. – Газу барқ доимӣ, оби гарму хунук – тайёр. Зимистонро дар ҳамон хонаи гарм мегузаронем.

– Ҳеҷ чизро намефаҳмам! – норизоёна нидо баровардам. – Хонаи ирратӣ чӣ даркор?! Хона дорем-ку?!

– Дар ҳудуди мо гази табиӣ нест, барқ ҳам зуд-зуд хомӯш мешавад. Агар ба печ алав монем, хона сиёҳ мешавад, барои таъмир пул лозим. Илова бар ин, бӯйи дуд дар либосҳоямон мемонад. Ба корхона танҳо аз ман бӯйи дуди ҳезуму ангиштсанг меояд. Ҳатто онро бӯйи атр руст карда наметавонад.

Хонаи таърифӣ дар ошёнаи панҷум ҷой гирифта будаст. Дар ҳақиқат, як мурувватро тобед, оби гарм меояд, аз дигараш оби хунук ҷорӣ мешавад. Рӯзи дигар ҳама ба кору хондан рафтанду дар хона танҳо мондам. Аввал ба айвон баромада, аз боло шаҳрро тамошо кардам. Аз бекорӣ дилгир шуда, ҷомашӯӣ кардам ва чизҳои шустаамро дар айвон овехтам. Шамол либосҳоро ба поёни бино бурдааст. Поён фаромада, чизҳои шамолпаррондаро гирифта, боло баромадам. «Ман дарро пӯшида будам-ку» аз дил гузаронидам дари кушодаро дида. Оҳиста ба хона даромада, либосҳоро болои гармкунаки ҳаммом паҳн кардам. «Аз сабаби пирӣ чизҳо дар назарам бегона менамояд». Ба хонаи дигар гузаштам. Зане назди тиреза рост меистод. «Ин кӣ бошад?» аз дил гузаронидам ман. Дар даст чизи телефонмонанд дошт. «Аз сабаби набудани антенаи телефон ин ҷо даромааст» гумон кардам. Хиҷолат накашад гӯён худро каме қафо кашидам. Вай сарпӯши “телефон»-ашро боло кард, ки дохилаш оина ва рангдони бачаҳо будаст. Ба фикрам вай рассом аст. Зан шёткаи хурдакакро ба рангҳо тар карда, ба рӯяш молидан гирифт. Аз рафтораш ҳайратам афзуда, ба хона даромаданамро нафаҳмида мондам. Зан маро дида, чунон фарёд зад, ки аз тарс гӯшҳоям кар шуданд. Ман саҳв карда, ба хонаи ҳамсоя даромадаам…

Шукр, ки рақами телефони писарамро гуфта, ҷонамро халос кардам. Вай аз писарам манзилро пурсида, маро ба хона бурда монд. Рӯзи дигар тамоми рӯз дар хона нишастам. На касе маро бипурсид, на ба суроғам омад. Зиқ шудам. Офтоб баромада, ҳаво гарм шуд. Ба берун баромадан тарсидам. Зеро ҳамаи хонаҳо ба якдигар монанд.

Ҳавлиамонро ёд кардам. Агар ҳозир дар ҳавлӣ мебудам, ҳама ҷоро рӯфта, об мезадам. Аз фикри ба сарам омада хурсанд шуда, ба ҳаммом гузаштам. Оби гармро ба замин рехта, фарши ҳаммомро шустам. Айвонро ҳам об задам. Ин вақт дарро касе кӯфт. Хурсанд шудам, ки бароям ҳамсӯҳбат пайдо шуд. Баробари дарро кушоданам зане фарёд зад:

– Чаро ҳама ҷоро об зер кунонидед?! Дирӯз хонаамро таъмир карда будам. Аз боло об шорида истодааст!

Болои боми ҳамсоя зистанамро фаромӯш кардаам. Садҳо узр пурсидаву тавба карда, занро гусел намудам. Сурати бобоямро ҳамроҳ оварда будам. Хостам, ки ҳеҷ набошад, ҳамон суратро ба девор овехта, ҳар замон ба сурати ҳамсарам нигоҳ карда, ғубори диламро тоза кунам. Мех ёфта, нӯгашро ба девор гузошта, ду-се бор бо санг задам. Мех ҳанӯз ба девор надаромада, боз дарро кӯфтанд. Гӯё девори мову ҳамсоя якто будааст. Агар ба девор мех занам, девори ҳамсоя мекафидааст…

– Ба ман хонаи гарм даркор нест! – гуфтам ба писарам. – Хона хунук бошад ҳам хонаи худам нағз. Хоҳам об мезанам, хоҳам мех. Ҳеч кас ҷанг намекунад. Ҳамсояҳо ҳам меҳрубону қадрдонанд.

– Имрӯз дугонаатонро ин ҷо гирифта меорам, – ваъда дод писарам.

Дугонаамро дида, хеле хурсанд шудам. Бо хандаву шӯхӣ сӯҳбат менамудем. Вале хурсандии мо дер давом накард.

– Холамуллоҷон, аз шумоён як илтимос, – шармидаву сар хам карда гуфт арӯсаке. – Бо овози паст ҷанҷол кунетон. Писарчаам дар хомӯшӣ хоб меравад…

Гӯшҳоямон, ки вазнин аст, овози пастро намешунавем. Аз ин рӯ, ҳарду ба якдигар бо овози баланд гап мезанем.  Дугонаам дар тараддуди рафтан шуд. Ҳарду берун баромадем.

– Дугона, бо лифт мефароем, – таклиф намуд вай. – Поям дард мекунад.

– Ман метарсам, – гуфтам.

– Аз чӣ? Даруни хонача даромада, тугмачаро пахш кунӣ, ба ҷои гуфтаат бурда, дарро мекушояд,-  фаҳмонд дугонаам.

Ҳарду ба лифт савор шуда, поён фаромадем. Он ба ман маъқул шуд. Дугонаамро гусел карда, боз ба лифт савор шудам. Рақами «5»-ро пахш кардам. Ҳис намудам, ки маро боло мебарад. Вале чӣ шуду ба манзил нарасида, ҳама ҷоро торикӣ фаро гирифт. Дасту поям ларзид. «Свет мурд, дар лифт касе ҳаст» гуфтани одамон ба гӯшам мерасид. Шукр, пас аз ним соат маро аз «зиндон» озод карданд.

Хостам, чойи гарм нӯшам. Вале газ набуд. Барқ низ хомӯш шуд.

– Ба ҳавлиамон меравем!

Ин дафъа ба таклифи ман ҳама розӣ шуданд. Ҳоло поямро дар гирди сандалии гарм дароз карда,  ҳамроҳи ҳамсояҳоям сӯҳбати ширин дорем.

Дилрабо НАСИМӢ

(«Гулобод тонги» газетаси, 2021 йил 14-январ № 2)

 

Baholang!

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

O'rtacha baholar 4.8 / 5. Baholaganlar soni: 63

OAV nomi va parolini kiriting!