«Олтин қалам – 2021» танловига

2021-03-31T11:00:59+05:0031 Mart, 2021|Олтин қалам|

1.ОМАДАНАШ ФАРРУХУ ФАРХУНДА БОД!

САЙРИ ОБИ РАҲМАТ

Наврӯз барои дар ҳар кадом мамлакат ба тарзи гуногун таҷлил гардиданаш, дар оилаҳо ҳар хел ҷашн гирифта мешавад. Дар урфият мегӯянд, ки дар хонае, ки пир ҳаст, тадбир ҳаст. Модаркалонам Шамсиябибӣ дар бораи ҷашнгирии Наврӯз ва анъанаҳои он ривоятҳои гуногун мегуфтанд. Замони бачагиам гарчанд иди Наврӯз васеъ ҷашн гирифта намешуд, вале бо роҳбарии бибиам он хотирмон буд. Ҳоло чанде аз ин анъанаҳоро дар деҳаи Боғимайдон, канори Оби Раҳмат падару модарам давом медиҳанд.

НИҲОЛШИНОНӢ

Ҳар сол дар арафаи иди Наврӯз падарам барои фарзанду набера ва абераҳояшон ниҳолҳои гуногун мешинонанд. Онҳоро парвариш намуда, «Себи Шукронабону гул кардааст», «Зардолуи Сангинабону ранг овардааст» мегӯянд.

Анъанае ҳаст, ки ҳар кас бояд аввалин меваи дарахташро худаш канад. Ин анъана дар дили бачаҳо меҳрро нисбати табиат бедор мекунад.

БИЙИ ПУРӢ

Модарам нахӯдро ҷӯшонида, дар ӯғурча мекӯбанд. Сипас ба он зиравор ҳамроҳ мекунанд. Хамир шӯрида, боз мекунанд. Он мисли бичаки алафин тайёр карда мешавад. Фақат ба ҷои алаф нахӯд меандозанд.

Баъди тайёр шуданаш онро ба ҳамсояҳо низ тақсим карда, бо Наврӯз муборакбодӣ менамоянд. Он рамзи ҳосили фаровон, дастархони пурнозу неъмат ва мустаҳкамии риштаи меҳр байни ҳамсояҳост.

МӮЙБОФӢ

Дар арафаи Наврӯз модаркалонам пахтаро байни ангуштонашон месовиданд. Он мисли ресмони ғафс дароз мешуд. Сипас, ба нӯги мӯяшон ҳамон ресмони аз пахтатайёркардаашонро мебофтанд. Ба мӯяшон санги ақиқ низ мебастанд.

Модарон духтарони қадрасашонро назди модаркалонам меварданд, ки дуо кунанд, то духтаронашон мисли он кас хушбахту нектолеъ шаванд. Модаркалонам мӯйи онҳоро майда бофта, ба нӯгаш ҷамолакҳои худашон тайёркардаи сафедро меандохтанд. Гӯё он нишони бахти сафед, толеъи накӯ будааст.

ТАРСОНИДАНИ ДАРАХТ

– Назди падарат рафта чунин гӯй: «Дарахтро наафтонед, соли оянда гул мекунад, мева медиҳад», – гуфтанд рӯзе модаркалонам.

Ҳайрон шуда, ба берун нигаристам, ки падарам дар даст табар сӯи дарахти себ мераванд. Зуд аз пасашон рафтам.

– Дадаҷон, чӣ кор мекунед? – пурсидам аз падарам.

– Дарахти себро ҳезум мекунам, – ҷавоб доданд падарам. – Ба ман дарахти беҳосил даркор не!

– Илтимос, дарахтро наафтонед, соли оянда, албатта ҳосил медиҳад, – гуфтам ман.

– Не, ҳозир онро аз кундааш зада мепартоям, – табарро баланд бардошта, ба кундаи дарахт наздик бурданд падарам.

– Не, ин хел накунед, – аз дасти падарам табарро гирифтанд модарам. – Соли оянда албатта ҳосил медиҳад.

– Агар соли оянда ҳосил надиҳад, майда-майда карда мепартоям…- гӯён аз назди дарахт дур шуданд падарам.

Соли оянда дарахти себ ҳосили фаровон дод.

Мувофиқи ақидаи модаркалонам дарахт ҳам муносибати одамонро нисбати табиат мефаҳмидааст. Аз ин рӯ, дарахти беҳосилро дар арафаи Наврӯз метарсонидаанд. Он соли оянда ба ҳосил медаромадааст

ПУДИНАЧИНӢ

Рӯзи 20-уми март модаркалонам моро ба «Сайри Оби Раҳмат» мебурданд. Лаб-лаби ҷӯйбори Оби Раҳмат, аз болои пули Сиёб гузашта, мақбараҳои Хоҷа Дониёл, Хоҷаи Хизр ва Шоҳи зиндаро зиёрат мекардем. Дар бозгашт аз лаби ҷуйи Оби Раҳмат пудина мечидем. Аз он бараку бичак мепухтем.

ДЕГИ ПУР

Пеш аз Наврӯз модаркалонам мефармуданд, ки аз ҷӯйи Оби Раҳмат об орем. Ҳамаи дегу сатил ва зарфҳои дигарро аз об пур мекарданд. Гӯё он рамзи файзу баракот будааст.

САНҶИШИ ДОНАҲО

Дар ҷашни Сада падарам ба қуттие хоку пору андохта, тухмиҳои гуногунро мепошанд. Агар кадом дона, пештар сабзида, рангаш табъи дил бошад, башорат менамоянд, ки аз ҳамон сабзавот ҳосили фаровон мегиранд. Ҳамин хел ҳам мешавад.

Бештар тухмии помидор, бодиринг, лаблабу, каду барин сабзавотҳоро пошида, пешгӯӣ мекунанд.

Дилрабо НАСИМӢ

(«Гулобод тонги» газетаси, 2021 йил 20-март № 11-12)

 

Baholang!

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

O'rtacha baholar 4.7 / 5. Baholaganlar soni: 235

OAV nomi va parolini kiriting!